Сентябр 12, 2022 18:22 Asia/Dushanbe

Муъовини дипломоси ва иқтисодии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: 18 то 22 санади ҳамкориҳои Эрон ва Узбакистон дар сафари раиси ҷумҳур ба ин кишвар имзо мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, муъовини дипломоси ва иқтисодии вазири умури хориҷа гуфт: 18 то 22 санади ҳамкориҳои Эрон ва Узбакистон дар заминаҳои мухталиф махсусан дар бахшҳои энержи, гумруки, тиҷорӣ ва транзитии коло омода шуда аст, ки дар сафари чанд рӯзи ояндаи раиси ҷумҳур ба ин кившар имзо мешавад.

Маҳди Сафарӣ дар мусоҳибаи ихтисоси бо хабарнигори Садо ва Симо бо баёни ҷузиёти сафари раиси ҷумҳур ба Узбакистон афзуд: Доктор Раисӣ ба ҳадафи ҳузур дар иҷлоси Созмони ҳамкориҳи иқтисодиии шонгҳоӣ дар Самарқанд то чанд рӯзи оянда ба ин кишвар сафар мекунад.

Вай гуфт: Дар ин иҷлос узвияти расмии Эрон дар Созмони ҳамкориҳи шонгҳоӣ мушахас хоҳад шуд ва 400 то 500 қарордоде, ки дар як соли гузашта дар Вазорати умури хориҷаи танзим шуда аст таҳвил дода мешавад.

 

Барчасп