Сентябр 26, 2022 18:58 Asia/Dushanbe
  • Ойини суннатии хутбахони дар шаби шаҳодати имом Ризо(а) дар ҳарами Разавӣ
    Ойини суннатии хутбахони дар шаби шаҳодати имом Ризо(а) дар ҳарами Разавӣ

Ойини суннатии хутбахонии шаби шаҳодати имом Ризо(а) дар ҳарами Разавӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ойини суннатии хутбахонии шаби шаҳодати имом Ризо(а) имшаб бо ҳузури зоирон ва муҷовирон дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор мешавад.

Ин маросим ба расми ҳар сол ҳамзамон бо шаби шаҳодати имом Ризо(а) баъд аз иқомаи намози мағриб ва ишо дар саҳни Паёмбари Аъзам(с) баргузор мешавад ва тавлияти остони қудси Разавӣ ва ходимони боргоҳи мунавари Разавӣ низ ҳамроҳ бо зоирон ва шифтагони аҳлубайт(а) дар он ҳузур хоҳанд дошт.

Қироати хутбаи шаби шаҳодати имом Ризо(а), марсияхони ва шамъгардонӣ аз бахшҳои ин маросими ойини хоҳад буд.

Ҳамчунин маросими шоми шаҳодати имом Ризо(а) баъд аз иқомаи намози мағриб ва ишо баргузор мешавад.

Дар ин маросим корвони ходимони боргоҳи мунавари Разавӣ бо шамдонҳои лола дар аст ҳаракати худро аз тақотуъи шаҳид Шуштари дар хиёбони Навоби Сафавӣ ба тарафи ҳарами мутаҳҳар оғоз ва сипас бо иҷтимоъ дар саҳни инқилоб ҳамроҳ бо зоирон аъзодори ва сувгворӣ мекунанд.

Пахши маросим аз шабакаҳои саросари бо ҳадафи баҳрамандии ҳадиаксари иродатмандони аҳлубайт(а) ин маросим аз шабакаҳои миллӣ Садо ва Симо пахш хоҳад шуд.

 

Барчасп