Мардуми Эрон зарбаи муҳаками ба даҳони муздурони гуруҳҳои террористӣ ва таҷзияталаб хоҳанд зад.
(last modified Sat, 01 Oct 2022 12:44:28 GMT )
Октябр 01, 2022 17:44 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Эрон зарбаи муҳаками ба даҳони муздурони гуруҳҳои террористӣ ва таҷзияталаб хоҳанд зад.
    Мардуми Эрон зарбаи муҳаками ба даҳони муздурони гуруҳҳои террористӣ ва таҷзияталаб хоҳанд зад.

Мардуми Эрон зарбаи муҳками ба даҳони муздурон ва гуруҳҳои террористӣ ва таҷзияталаб хоҳанд зад.

Ҷамъи аз унсурҳои душманони низом рӯзи ҷумъа наздики масҷиди Макии Зоҳидон таҷамаъ ва иқдом ба тирандози карданд, ки дар ин ҳодиса Сайидалӣ Мусавӣ, фармондеҳи иттилоъоти сипоҳи устони Систон ва Балучистон ба шаҳодат расид.

Ашрори мусалаҳ дар Зоҳидон низ бо ҳамла ба 3 калонтари ва эҷоди тарсу ваҳшат барои мардум иқдом ба тирандози ба тарафи калонтарии 16 Зоҳидон карданд.

Дар идома иқдомоти ошубгаронаи террористҳо дар шаҳри Зоҳидон як мошини оташнишони як пойгоҳи ёрии таъҷили ва бархе маконҳои дигарро низ ашрор ба оташ кашиданд, аммо талоши онҳо барои идомаи иғтишошот бо ҳузури нерӯҳои амниятӣ ноком монд ва ҳамакнун вазъияти шаҳр пойдор аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аҳмади Ваҳидӣ гуфт: Эрони исломӣ бо такия бар мардум ва бо нишоту умеди рӯзафзун ба оянда ҳамаи нақшаҳои душманонро нақши бар об мекунад ва чун ҳамеша бар даҳони муздурони гуруҳҳои террористӣ ва таҷзияталаб зарбаи муҳкам мезанад.

Ваҳиди афзуд: Дар чаҳор даҳаи гузашта мардум ҳамеша бо қудрат дар майдон буданд ва саҳнаҳои бошукуҳи аз ҳузури ҳамаҷонибаи мардум, ҷавонон ва хонаводаҳоро дар ин марзу бум шоҳид будаем, ки аз умед ба ояндаи бисёр пурифтихор, пур иззат ва пуразамат аст.