Ривояти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз пушти пардаи ҳаводиси ахир ва зулм ба миллати Эрон
(last modified 2022-10-03T10:02:18+00:00 )
Октябр 03, 2022 15:02 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари инқилоби исломӣ
    Суханронии Раҳбари инқилоби исломӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳи афсарӣ аз пушти пардаи ҳаводиси ахир ва зулм ба миллати Эрон сухан гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳҳои афсарии Неруҳои мусаллаҳ душанбе бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво дар Донишгоҳи афсарӣ ва тарбияти полиси имом Ҳасани Муҷтабо (алайҳиссалом) баргузор шуд ва эшон дар ин маросим аз пушти пардаи ҳаводиси ахир ва зулм ба миллати Эрон сухан гуфтанд.

Дар ин ойин фармондеҳони олирутбаи Неруҳои мусаллаҳ, шомили сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ, сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, фармондеҳи кулли артиш, сардор Ҳусайни Аштарӣ, фармондеҳи Неруи интизомӣ, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвар, амири сартип Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳ Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эронро ҳамроҳӣ карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин дар ин маросим бо ҳузур бар ёдмони шуҳадои гумном дар ин донишгоҳ, зимни қироати фотиҳаву гиромидошти ёду хотираи шуҳадои воломақом, барои онон дараҷоти болоро масъалат карданд.

 

Барчасп