Зариф: Ҷопон ба коҳиши терроризм дар Ховари Миёна кумак кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i9262-Зариф_Ҷопон_ба_коҳиши_терроризм_дар_Ховари_Миёна_кумак_кунад
Вазири умури хориҷаи Эрон аз Ҷопон хост бо истифода аз иртибототи сиёсии худ бо дигар кишварҳои минтақа, онҳоро ба канор кашидан аз ҳимояти террористҳо, ташвиқ кунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 07, 2016 18:16 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҷопон ба коҳиши терроризм дар Ховари Миёна кумак кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон аз Ҷопон хост бо истифода аз иртибототи сиёсии худ бо дигар кишварҳои минтақа, онҳоро ба канор кашидан аз ҳимояти террористҳо, ташвиқ кунад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф - вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Фумио Кисида - вазири умури хориҷаи Ҷопон дар Токио гуфт, Эрон ба унвони лангаргоҳи суботи минтақа, аз Ҷопон интизор дорад нақше фаъол дар барқарории субот дар Ховари Миёна ифо кунад.

Зариф таъкид кард, Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Ҷопон ба сурати дуҷониба ва чандҷониба бо ҳадафи бозгашти субот ва пешрафти иқтисодӣ дар Афғонистон ва ҳавзаи Халиҷи Форс аст.

 Зариф ҳамчунин бо ишора ба нақши Ҷопон дар иҷрои баъзе аз муқаррарот ва мафоди БАРҶОМ ва созанда тавсиф кардани ин нақш, ибрози умедворӣ кард, Токио дар дигар ҳавзаҳо, аз ҷумла равобити банкӣ ва иқтисодӣ низ дар Эрон ҳузури фаъол дошта бошад.

Вазири умури хориҷаи Ҷопон низ гуфт, Токио аз БАРҶОМ ҳимоят мекунад ва барои иҷрои дурусти он, ҳамкориҳои лозимро анҷом хоҳад дод.