Мардум бо ҳузурашон ҳамвора Амрикоро таҳқир кардаанд
(last modified Sat, 29 Oct 2022 14:23:29 GMT )
Октябр 29, 2022 19:23 Asia/Dushanbe
  • Мардум бо ҳузурашон ҳамвора Амрикоро таҳқир кардаанд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард, мардум бо ҳузурашон ҳамвора Амрикоро таҳқиру борҳо собит кардаанд, ки ба фармӯдаи имом Хумайнӣ (раҳ.), Амрико ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад.

Генерал Ҳусайни Саломӣ дар маросими ташйиъи шуҳадои ҳодисаи террористии ҳарами Шоҳчароғ (а) дар Шероз зимни таслияти шаҳодати ҷамъе аз мардуми мазлӯми Эрон дар сеюмин ҳарами аҳли байт бо маҳкӯмияти шадиди ин ҷинояти ваҳшиёна ва иқдоми палид гуфт, инқилоби шукӯҳманди исломӣ бо шарорати теъдоди маъдӯде фиребхӯрда ҳаргиз осеб нахоҳад дид.

Генерал Саломӣ, ҳузури бошукӯҳи мардуми Шероз дар маросими ташйиъи шуҳадои ҳарами Шоҳчароғ (ъ)-ро шикасти қатъии душманони қисмхӯрдаи Эрон донист ва гуфт, ҳузур дар саҳнаи мардуми огоҳу басири Эрон, тири халосро ба синаи Амрико, Исроил ва дигар душманони хору забун менишонад.

Фармондеҳи кулли сипоҳ, бо баёни инки тавтеъа ва иғтишошоти ахир маҳсӯли режими саҳмюнистӣ аст, таъкид кард, онҳо шикастҳои бузурге аз миллат дар 43 сол гузашта дарёфт кардаанд.

Вай бо баёни инки вақте Амрико миллати Эронро таҳрим карду дору ва иҷозаи содирот ва воридот надод мардум дар майдон посухашро доданд, гуфт, қаҳрамони мубориза бо терроризи сардор шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймониро ноҷавонмардона дар Ироқ шаҳид карданд, пойгоҳи амрикоиро ҳадаф қарор додем натавонистанд посух диҳанд ва боз собит шуд, Амрико ҳеҷ ғалате наметавонад бикунад.

Генерал Саломӣ гуфт, Амрикои ҷинояткор, режими саҳюнистӣ ва Оли Сауд, хаста ва шикастхӯрдаи нуфӯз ва қудрати сиёсӣ ва маънавии Эрони азизро дар сарзаминҳои дурдаст диданд, ва мутаваҷҷеҳ шуданд бар миллати Эрон наметавонанд фоиқ оянд ва онҳо пас аз шикастҳои пай дар пай, ба ин фикр афтоданд то ба ҷавонони кишвар осеб бизананд.