Мувафақияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шикасти калони равандҳои Амрико ва ғарбиҳо дар минтақа
(last modified 2022-10-30T06:10:48+00:00 )
Октябр 30, 2022 11:10 Asia/Dushanbe
  • Мувафақияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шикасти калони равандҳои Амрико ва ғарбиҳо дар минтақа
    Мувафақияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шикасти калони равандҳои Амрико ва ғарбиҳо дар минтақа

Раиси комисяи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шурои исломии Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мувафақият равандҳои калони Амрико ва ғарбиҳо дар минтақаро шикаст дода аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ваҳиди Ҷалолӣ ҳамлаи террористи ба Шоҳчароғро иштибоҳи роҳбурдии Амрико тасиф карду гуфт: Амрикоиҳо дунболи барҳамзадани иттиҳоди миллии миллати Эрон ҳастанд.

Ҷалолзода афзуд: Табдил шудан ба бозигари асли дар арсаҳои равобити байналмиллалӣ сода нест ва Амрико таъсиргузории Эронро дида аст.

Раиси комисяи амнияти миллии маҷлис ҳамчунин гуфт: Агар Шероз шуҳадои Шероз ва хонаводаҳоеро, ки дар ин ҳодиса доғдор шуданд фақат ба унвони як ҳодиса бубинем метавонем таҳлили дар боби маҳкумият ва стандартҳои дугонаи онҳо дошта бошем стандартҳои дугонаи Амрико ва Аврупо, ки барои аввалин бор ҳам иттифоқ науфтода аст.

Ҷалолзода ҳамчунин гуфт: Дар дохили як калон раванди байналмиллалӣ ҳастем, ки Шероз ва ҳодисаҳои шаҳрҳои Эрон дар 40 рузи ахир ва ҳамаи иттифоқоте, ки зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон барномарези шуда ва иттифоқ меафтад аз ин калон раванд пайрави мекунанд.