Ноябр 12, 2022 14:08 Asia/Dushanbe
  • Гузориши сайти испанияӣ аз мавқеъияти муносиби тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар

Сайти хабарии « Файр Испания » дар гузорише мавқеъияти тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар барои суъуд аз гуруҳро муносиб арзёбӣ кард .

Сайти хабарии « Файр Испания » дар гузорише таркиби эҳтимолии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2022-ро низ пешбинӣ кард .
Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ، камтар аз 10 рӯзи дигар ба мизбонии Қатар оғоз мешавад .
Тими миллии Эрон дар ин торномент дар гуруҳ Б ( B ) бо тимҳои миллии Амрико, Британиа ва Уэлс рақобат мекунад .
Дар ҳамин робита сайти « Файр Испания » бо интишори таркиби эҳтимолии Карлос Кейрош-сармураббии тими миллии Эрон барои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар гузорише навишт : Эрон дубора дар ҷоми ҷаҳонӣ ҳузур дорад ва Кейрош ин бор талош мекунад то бо системаи тадофуъӣ ва нуфӯзнопазираш дар ҷоми ҷаҳонӣ ба натиҷа бирасад .
Дар ин гузориш омадааст тими миллии Эрон  ин бор барои суъӯд аз гуруҳ мавқеъияти муносибӣ дорад .
Тими миллии Эрон 21 ноябр дар аввалин бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 муқобили тими миллии Британия бозӣ мекунад .

 

Барчасп