Фармондеҳи қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадо: Мақари гуруҳакҳои террористи дар 80 километрии хоки Ироқ ҳадаф қарор гирифт
(last modified Mon, 14 Nov 2022 12:06:05 GMT )
Ноябр 14, 2022 17:06 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадо: Мақари гуруҳакҳои террористи дар 80 километрии хоки Ироқ ҳадаф қарор гирифт
    Фармондеҳи қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадо: Мақари гуруҳакҳои террористи дар 80 километрии хоки Ироқ ҳадаф қарор гирифт

Фармондеҳи қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадои неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Дар амалиёти мушакӣ ва паҳподии неруи заминии Сипоҳ мақари ҷадиди гуруҳакҳои террористи дар минтақаи Курдистони Ироқ ҳам дар марз ва ҳам дар умқи 80 километрии хоки ин кишвар ҳадаф қарор гирифт.

Дувумин амалиёти густардаи мушаки ва паҳподии неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ зидди гуруҳакҳои террористии таҷзияталаби минтақаи шимоли Ироқ рузи душанбе анҷом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Муҳаммадтақии Асонлу, фармондеҳи қароргоҳи Ҳамзаи Сайидушуҳадои нери замини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар бораи ҳадаф қарор додани мақари гуруҳакҳои террористи дар минтақаи Курдистони Ироқ афзуд: Пас аз даври нахусти амалиёти Эрон зидди мақари гуруҳакҳои террорист ва таҷзияталаб дар хоки Ироқ, террористҳо иқдом ба истиқрори дубораи неру дар минтақаҳои дигар карда буданд, ки ин мақарҳо ҳам шиносоӣ шуд ва мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Генерал Асонлу бо таъкид бар ин ки теъдоди аз куштасозиҳо дар шаҳрҳои шимоли ғарбии Эрон тавассути гуруҳакҳои таҷзияталаб аноҷм шуд, афзуд: Ин куштасозиҳо дар шаҳрҳои Санандаҷ, Бона, Маҳобод, Букон сурат гирифта буд.

Неруи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 24 сентябр низ баъд аз ихорҳои пай дар пай ба гуруҳакҳои террористи таҷзияталаб, ҳамалоти сангинеро зидди мавозеъи онҳо анҷом дод ва эълом кард то замоне, ки таҳарукоти террористии онҳо мутавақиф нашвад ҳамалоти мушаки ва паҳподи идома пайдо хоҳад кард.

 

Барчасп