Ҳоҷ Алиакбарӣ: Истекбори ҷаҳонӣ дар авҷи душмани бо Инқилоби Исломӣ қарор дорад
Намояндаи Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба талошҳои душманон барои зарба задан ба Эрон гуфт, истекбори ҷаҳонӣ дар авҷи хашм, асабоният ва душмани бо Инқилоби Исломии Эрон қарор дорад.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷавод Ҳоҷ Алиакбарӣ дар садри ҳйати олирутба ба намояндагии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба устони Систон ва Балучистон сафар кард.
Ҳайти эъзоми аз сӯйи Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар аввалин рӯзи ҳузӯр дар устони Систон ва Балучистон бо хонаводаҳои шуҳадои мудофеъи амнияти устон дидор ва хостаҳои онҳоро истимноъ карданд.
Дар идома, ҳайати эъзоми аз сӯйи Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар нишаст бо уламои шохиси аҳли суннати устон аз ҷумла Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзаҳӣ ва Мавлавӣ Абдуллсамади Содотӣ масоил ва итифоқоти ахири устонро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин ин ҳайат бо теъдоде аз фаъолони шохиси фарҳангӣ ва нухбагон ва асотиди донишгоҳ дидор карда ва дар бораи масоили ахири ин устон Систон ва Балучистон табодули назар карданд.
Ҳоҷ Алиакбарӣ намояндаи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи сешанбе дар ҷамъи уламо, бузургон ва ақшори мухталифи мардуми минтақаи Систон изҳор кард, Эрон гиребони истекбори ҷаҳонӣ, амрикоӣ ҷинояткор ва саҳюнистҳои табаҳкорро гирифтааст ва онҳо бовар намекарданд замони ин чунин аз ноҳия миллате, ки рӯи ӯ ҳеч ҳисобе накекарданд мавҷудияташон ба мухотира биафтад.
Ҳоҷ Алиакбарӣ ҳамчунин бо ишора ба иғтишошоти ахир гуфт, иғтишошгарон бо тамоми тавонашон барои зарба задан ба низом ва инқилоб вориди майдон шудаанд аммо хеле зуд замоне, ки самти арзишҳо рафтанд ва ба соҳати Қуръон ҷасорат карданд дасти онон барои мардум рӯ ва мушахас шуд , ки аз куҷо хат мегиранд.
30-уми сентябр, пас аз итмоми намози ҷумъаи аҳли суннат дар шаҳри Зоҳидон, маркази устони Систон ва Балучистони Эрон, гурӯҳе аз афродии масаллаҳ бо юриш ба калонтарии 16 дар муҷовирати мусалои намози ҷумъа қасд дошатанд ин ҳавзаи низомиро тасаруф кунанд.
Дар ин ҳамла бо таҷваҷӯҳ ба даргириҳои муҳоҷимон ва нерӯҳои мудофеъӣ калонтари, бархе аз ҳамватанони мазлум ва намозгузорон, ҷони худро аз даст дода ва ё маҷрӯҳ шудаанд.
Бештар бихонед: