Поёни ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон бо иҷрои ҳунармандони Тоҷикистону Туркия
Понздаҳумин ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон бо иҷрои ҳунармандони Тоҷикистону Туркия дар толори Фахриддин Асъадии Гургон ба кори худ поён дод .
Ба гузориши Садои Хуросон, дар панҷумин ва охирин шаби баргузории ин ҷашнвора ҳафт гуруҳи мусиқӣ шомили панҷ гуруҳи эронӣ ва 2 гуруҳ аз Туркияву Тоҷикистон қатаъоту барномаҳоеро иҷро карданд .
Аҳмад Ҷамол Кайҳон ҳунарманди туркияӣ таронаҳои ирфониро бо сози боғломо иҷро кард, ки қатаъоту мақомҳои иҷрошуда тавассути ин ҳунарманд мавриди истиқболу ташвиқи ҳозирин дар толор қарор гирифт .
Давлат Назриев,Мухтори Муборакқадам, Хушбахт Ниёзов ва Шоҳида Ҳошимова- ҳунармандони тоҷикӣ низ қатаъоте дар понздаҳумини ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон иҷро карданд .
Понздаҳумини давраи ҷашнвораи мусиқии навоҳии Эрон аз 14 ноябр ба муддати панҷ шаб иҷро шуд .
Дар ин ҷашнвора барои нахустин бор навозандагону гуруҳҳое аз кишварҳои Афғонистон, Узбекистон, Туркия ва Тоҷикистон ҳузур доштанд .
Бештар бихонед :