Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар;таҷаммуъи ҳаводорони тими миллии футболи Эрон қабл аз бозӣ бо Уэйлс
(last modified 2022-11-24T11:58:27+00:00 )
Ноябр 24, 2022 16:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар;таҷаммуъи ҳаводорони тими миллии футболи Эрон қабл аз бозӣ бо Уэйлс

Тасовире аз таҷаммуъи ҳаводорони тими миллии футболи Эрон қабл аз бозӣ бо Уэйлс дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Давҳаи Қатар мунташир шудааст .

Дуюмин бозии тими миллии футболи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ҷумъаи 25 ноябр дар муқобили Уэйлс баргузор мешавад . Натоиҷи бозиҳои нахусти гуруҳи B ҳамчунон умедро барои тамоми тимҳои ҳозир дар ин гуруҳ зинда нигаҳ доштааст . Дар ин миён ду дидори боқимондаи тими миллии Эрон бо Уэйлсу Амрико сарнавиштсоз аст . Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футболи Англия дар поёни бозиҳои рӯзи нахусти гуруҳи B бо пирӯзии 6 бар 2 муқобили Эрон дар садр истод . Дидори Амрико бо Уэйлс низ бо натиҷаи тасовии як - як тамом шуд, то ҳар ду тим бо як имтиёзи худ дар рутбаҳои дувум ва сеюм қарор бигиранду Эрон ҳам бо касби бадтарин натиҷаи худ дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии Қатар дар радаи охири ҷадвал бошад . Бо вуҷуди ин ҳаводорони тамоми тимҳои ҳозир дар ин гуруҳ ҳамчунон муштоқона ахбори марбут ба тимҳои мавриди алоқаи худро дунбол мекунанд ва умедворанд битавонанд ба марҳалаи баъдии рақобатҳо роҳ ёбанд.

 

Барчасп