Ноябр 25, 2022 21:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни пирӯзии мардуми манотиқи мухталифи Эрон
    Ҷашни пирӯзии мардуми манотиқи мухталифи Эрон

Дар пайи пирӯзии муқтадиронаи тими миллии футболи Эрон, мардуми манотиқи мухталифи Эрон асри ҷумъаро ҷашни пирӯзӣ гирифтанд.

Тими миллии футболи Эрон рӯзи ҷумъа, дар дуюмин бозӣ аз марҳилаи гуруҳии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол бо натиҷаи 2 бар 0 баробари тими миллии Уэлс ба бартарӣ расид то нахустин шикасти ин тимро дар давраҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ ба ёрони Гарет Бейл таҳмил кунад.

Иқтидори “юзҳо”-и эронӣ дар Давҳа ва ҷашни пирӯзии онон дар замини бозӣ сабаб шуд то шуруи шодмонии футболи Эронро дар бар бигирад, шӯре ки бо садои ҳуштаки поёни бозии Эрон шуруъ шуд.

Ҳарчанд ба хотири таътиливу ҷумъа ва бозии тими миллии футбол дар дақоиқи поёнии бозӣ хиёбонҳо хилват буд, аммо дар камтарин замон шодии мардум аз масирҳои мухталиф ва ҳатто истгоҳҳои метро шуруъ ва ба хиёбонҳои аслии пойтахт кашида шуд.

Тими миллии футболи Эрон дар дидори баъдии худ рӯзи сешанбе ба масофи Амрико меравад.

 

Барчасп