Ноябр 29, 2022 20:14 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори нахуствазири Ироқ: Дар муқобили душманони пешрафти Ироқ бистед
    Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори нахуствазири Ироқ: Дар муқобили душманони пешрафти Ироқ бистед

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори нахуствазири Ироқ бо баёни ин ки пешрафти кишвар душманони дорад гуфтанд: Бояд бо такия бар мардум ва неруҳои пурангеза ва ҷавононе, ки имтиҳони худро бо хатари бузург ва муҳлики ДИИШ пас доданд дар муқобили иродаи душман муҳкам бистед.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори Муҳаммадшаёъ Алсудонӣ, нахуствазири Ироқ ва ҳайати ҳамроҳи ин кишварро бартарин кишвари арабии минтақа аз лиҳози сарватҳои табиъӣ, инсонӣ ва ҳамчунин пешинаи фарҳангӣ ва таърихӣ ва тамадунӣ донистанд ва таъкид карданд: Мутаасифона бо вуҷуди чунин пешинаӣ Ироқ ҳануз натавониста аст дар ҷойгоҳи воло ва воқеъи худ қарор гирад ва умед меравад бо ҳузури ҷаноби олӣ Ироқ ба пешрафту ҷойгоҳи воқеъӣ худ даст ёбад.

Эшон яке аз заруриятҳои асосии расидани Ироқ ба ҷойгоҳи воқеъиро инсиҷом ва ваҳдати маҷмуъаҳои дохилии Ироқ баршумориданд ва афзуданд: Яке дигар аз илзомоти ин пешрафт истифодаи ҳадиаксари аз неруҳои ҷавон ва пурангезаи Ироқ аст.  

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба суханони нахуствазири Ироқ мабни бар ин ки бар асоси қонуни асосӣ ба ҳеҷ тарафи иҷозаи истифода аз хоки Ироқ барои барҳам задани амнияти Эронро намедиҳем, гуфтанд: Мутаасифона акнун ин иттифоқ дар бархи минтақаҳои Ироқ руй медиҳад ва танҳо роҳи ҳали он ин аст, ки давлати марказии Ироқ иқтидори худро ба он минтақа низ густариш диҳад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки амнияти Ироқ амнияти Эрон аст ҳамчуноне, ки амнияти Эрон дар амнияти Ироқ таъсиргузор аст ба музокироти имрузи нахуствазири Ироқ дар Теҳрон ишора карданд ва афзуданд: Дар давраҳои қабл ҳам музокирот ва тафоҳумномаҳои хуби анҷом шуд, аммо ба марҳалаи амал расидан бино бар ин бояд дар мавриди ҳамаи тафоҳумномаҳо ба вижа дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мубодилоти коло ва иртибототи роҳи оҳанӣ ба самти амал ва иқдом пеш биравем.

 

Барчасп