Шаби Ялдо ба номи Эрону Афғонистон сабти ҷаҳонӣ шуд
Шаби Ялдо ё чилла ба унвони нӯздаҳумин мироси номалмӯси Эрон муштарак бо Афғонистон дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали муттаҳид (ЮНЕСКО) сабти ҷаҳонӣ шуд.
Парвандаи шаби чилла ё Ялдо, ки Эрон дар ҳамкорӣ бо Афғонистон онро таҳия кардааст, бо вуҷӯди эродҳо ва нуқтаи назароти намояндагони бисёре аз кишварҳо, саранҷом муваффақ шуд дар 17-умин нишасти кумитаи байни давлатҳо барои посдорӣ аз мироси фарҳангии номалмӯси ЮНЕСКО сабт шавад. Намояндагони бархе кишварҳо, аз ҷумла Бангладеш, Узбекистон, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистон, Словакия, Ҷумҳурии Чехия нисбат ба ҳифозат аз ин мироси номалмӯс дар Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ин кишвару ноамниҳое, ки ба он ишора шуд, нигарониҳо ва нуқтаназаротеро ворид карданд, дар ҳоле, ки кишварҳои дигаре ҳамчун Малайзия ва Ҳинд аз сабти ин парванда ба номи ду кишвари Эрону Афғонистон эъломи ҳимоят карданд.
Эрон парвандаи Ялдоро аз соли 2014 дар ЮНЕСКО ба иштирок гузошта буд то ба унвони мироси номалмӯси чандмиллиятӣ сабт шуд, аммо то ҳудӯди шаш сол баъд аз он, ҳеҷ кишваре мушорикат дар ин парвандаро напазируфт. Эрон саранҷом ин парвандаро дар муштарак бо Афғонисто ба ЮНЕСКО ироа кард. Ойини шаби Ялдо 19 декабри 2008 (29 озармоҳи 1387) дар феҳристи осори миллии Эрон сабт шудааст.