Ал Судонӣ: Шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис мӯҷиби тақвияти иртиботи ду миллати Эрон ва Ироқ шуд
(last modified 2022-12-01T07:12:25+00:00 )
Декабр 01, 2022 12:12 Asia/Dushanbe
  • Ал Судонӣ: Шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис мӯҷиби тақвияти иртиботи ду миллати Эрон ва Ироқ шуд

Нахуствазири Ироқ дар дидор бо мутавалии остони Қудси Разавӣ дар Машҳад гуфт, шаҳодати шаҳидон Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис дар канори якдигар мӯҷиби тақвияти иртиботи ду миллати Эрон ва Ироқ шуд.

Нахуствазири Ироқ афзуд, хадамоте, ки шаҳид Сулаймонӣ дар канори Ҳашдуш-шаъбӣ барои нобудии ДИИШ ва амнияти Ироқ анҷом дод, беҳтарин намуна барои ухувват, дӯстӣ ва бародарии мардуми ду кишвар аст ва нишондиҳандаи ин аст, ки Эрону Ироқ ҳамроҳи якдигар дар як росто гом бармедоранд.

Вай идома дод, дӯстии миёни ду миллати Эрону Ироқ собиқае таърихӣ дорад, муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ, ки миёни мардуми ду кишвар вуҷӯд дорад, метавонад мӯҷиби робитаи амиқи дӯстона миёни ду кишвар шавад.

Нахуствазири Ироқ бо эъломи омодагӣ барои тасҳили равобит миёни атаботи муқаддасаи Ироқу Эрон, изҳор дошт, омода ҳастем дар ростои тасҳили равобит миёни атаботи олиёти Ироқу Эрон фаъолият кунем.

Мутавалии остони Қудси Разавӣ низ равобити дӯстона ва бародаронаи мардуми ду кишвари Эрону Ироқро ғайриқобили гусаст донист, афзуд, Эрону Ироқ як кишвар ҳастанд ва ин ҷумла ба ҳеҷ унвон иборате шиорӣ ё ташрифотӣ нест, балки як ҳақиқати айнӣ аст.

Ҳуҷҷатулислом Марвӣ бо баёни инки шавоҳиди таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳамвора нигоҳи уламо ваа мароҷеъи эронӣ ва ироқӣ ин буда, ки Ироқу Эрон яке ҳастанд, афзуд: Муштаракоти фаровону ҳаводиси таърихӣ, ҳамаги нишондиҳандаи ин маъност, ки байни миллати Ироқу Эрон фосилае нест.

Муҳаммад Шаёъ Ал Судонӣ, нахуствазири ҷадиди Ироқ рӯзи сешанбе дар садри ҳайате баландпоя аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд.

 

Барчасп