Декабр 10, 2022 09:53 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Ба таҳриму мудохила посух медиҳем

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугу бо Ҷозеф Боррел-масъӯли сиёсати хориҷии Аврупо таъкид кард : Ба таҳриму мудохила посух медиҳем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён шомгоҳи ҷумъа дар сафҳаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ дар хусӯси гуфтугуи худ бо Ҷозеф Боррел навишт : Амрико ва се кишвари аврупоӣ агар фикр кунанд метавонанд бо фишору абзорсозӣ дар музокира имтиёзи бештар бигиранд, ҳатман дар иштибоҳанд .
Пештар Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам таъкид карда буд : Мақомоти Амрико медонанд Эрон таҳти фишор ва бо таҳдид ҳозир ба музокира ва имтиёз нест, тавофуқ мантиқи худро дорад ва мавзеи Эрон бо музокироти Барҷом комилан равшан аст .
Музокироти рафъи таҳримҳо пас аз моҳҳо гуфтугуҳои фишурда дар Вена ба марҳалае расидааст, ки чунончи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба унвони тарафи нақзкунандаи Барҷом мутолиботи мантиқии Эрон ва илзомоти шаклгирии як тавофуқи пойдору қобили иттикоро бипазирад, тавофуқи ниҳоӣ ҳосил хоҳад шуд .
Таҷрибаи моҳҳо музокирот дар Вена собит кард Кохи Сафед ба далели мушкилоти дохилӣ ва фишори режими саҳюнистӣ қудрати тасмимгирӣ барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаиро надорад ва аз ин манзар ба тактикаи муққасирнамоӣ ва таъйини зарбулаҷалҳои сохтагӣ алайҳи Эрон пойбанд шудааст .
Қариб ба иттифоқи кишварҳои мушорикаткунанда дар гуфтугуҳо хоҳони ҷамъбандии сариътари музокирот ҳастанд, аммо дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар интизори тасмимоти сиёсии Амрико дар хусӯси чанд мавзӯи боқимондаи муҳим ва калидӣ аст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп