Декабр 10, 2022 16:40 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон ҷуз ҷангу хунрезӣ ва шикаст дастоварди дигаре барои онҳо надошт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард, ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон ҷуз ҷангу хунрезӣ ва шикаст дастоварди дигаре барои онҳо надошт.

Саидиброҳими Раисӣ бо баёни инки шикастҳои пай дар пайи душманон ношӣ аз адами шинохти ҷавомеъ аст, гуфт: Ҳузури 20 солаи амрикоиҳо дар Афғонистон ҷузи ҷангу хунрезӣ ва шикаст дастоварди дигаре барои онҳо надошт, чаро ки бар хилофи иддаоҳои худ аз иқтизоот ва воқеъиёти ин минтақа беиттилоъ буданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, раиси ҷумҳӯр, имрӯз (шанбе) дар ҳамоиши гоми дувуми Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ дар масири таҳаввул, ки ба муносибати 38-умин солгарди ташкили ин шӯрои баргузор шуда буд, гуфт, барои арзёбии амалкарди Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ бояд ба баёноти имоми Хумайнӣ (раҳ.) дар бораи аҳдофи ташкили ин шӯро ва низ баёнот ва интизороти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз ин шӯро муроҷиа кард, ки ба масобеҳи чароғи роҳи Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ва аҳолии илму фарҳанг дар масири таҳаввул ҳастанд.

Раисиҷумҳӯр тасреҳ кард, вожагони «Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ» дорои иқтизооте барои ҷамъи ҳозир ба унвони аҳолии илму фарҳангу маъмури ҳифзу иртиқои фарҳанги инқилоби исломӣ аст.

Раисӣ хотирнишон кард, дар дунёи имрӯзи иртибототу фанноварии иттилоот наметавон ҷомеъаро дучори маҳдӯдият кард, балки бояд бо ҳидояти фарҳангӣ ва масӯнсозии мардуму ҷавонон, онҳоро дар баробари ҳуҷумҳо ба фарҳанг, боварҳо ва эътиқодот ҳифз кард.

 

Барчасп