Рушди 36 дарсадии содироти Эрон ба Нигерия
(last modified Tue, 13 Dec 2022 05:34:03 GMT )
Декабр 13, 2022 10:34 Asia/Dushanbe
  • Рушди 36 дарсадии содироти Эрон ба Нигерия

Қоиммақоми бошгоҳи туҷҷори Эрону Африқо аз рушди 36 дарсадии содироти Эрон ба Нигерия хабар дод .

Сайидруҳуллоҳи Латифӣ-қоиммақоми бошгоҳи туҷҷори Эрон ва Африқо гуфт : Беш 195 ҳазор тон коло дар 8 моҳи аввали имсол ( 1401 ) ба Нигерия содир шуд .
Нигерия, кишваре дар ғарби Африқо бо ҷамъияти 225 миллион нафарӣ аст, ки ин кишвар пурҷамъияттарин кишвари қорраи Африқо ва ҳафтумин кишвари пурҷамъияти ҷаҳон ба шумор меояд ва ҳам аз лиҳози ҷамъият ва ҳам аз лиҳози динӣ ва фарҳангӣ ва стандартҳои тавлиду масраф бозори муносибе барои туҷҷору фаъолони иқтисодӣ Эрон аст .
Нигерия аз назари манобеи нафтӣ даҳумин кишвари ҷаҳон ва ҳаштумин содиркунандаи нафти ҷаҳон аст, тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар дар соли 2017 ҳудуди 375 миллиард доллар будааст .
Мақомоти кишварҳои африқоӣ аз ҷумла Нигерия дар моҳҳои ахир барои густариши муносиботи тиҷорӣ ба Эрон сафар кардаанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Латифӣ афзуд : Содироти 8 моҳаи Эрон ба Нигерия бо 3 / 195 ҳазор тон коло ба 4 / 115 миллион доллар расидааст, ки ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳ бо рушди 36 дарсадӣ ҳамроҳ будааст .
Латифӣ таъкид кард : Умедворем бо барномаҳову иродаи бахши хусӯсӣ ва давлатҳои ду кишвар шоҳиди ҷаҳиши содирот ба Нигерия бошем .

Бештар бихонед :