Таҳлил; Меҳрубонӣ дар канори қудрат; рӯйкарди низоми исломӣ дар қиболи иғтишошгарон
(last modified Tue, 13 Dec 2022 14:22:32 GMT )
Декабр 13, 2022 19:22 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Меҳрубонӣ дар канори қудрат; рӯйкарди низоми исломӣ дар қиболи иғтишошгарон

Иғтишошҳои ахир муттаҳамоне дорад, ки бархе бо раъфат(меҳрабонӣ)-и исломӣ мувоҷеҳ шуда ва бархе низ ба воситаи ҷароими сангинтаре, ки муртакиб шуданд, бо аҳкоми қотеъи дастгоҳи қазоӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Ҳудӯди 3 моҳ аз оғози иғтишошҳо дар Эрон мегузарад. Иғтишошгарон, ки ҳам таҳти ҳимояти бозигарони хориҷӣ қарор доранд ва ҳам тавассути онҳо ба эҷоди иғтишошу террори мардум ва неруҳои низомӣ ва амниятӣ таҳрик мешаванд, дар амал низ ҷароимеро муртакиб шуданд, ки акнӯн иҷрои адолат дар қиболи онҳо, мутолиба ва интизори умумӣ аст.

Шӯрои амнияти кишвар рӯзи сеюми декабр дар иттилоъияе эълом кард, дар ҷараёни иғтишошоти ахир, болиғ бар 200 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки шомили шуҳадо ва афроди бегуноҳ қурбонии пружаи куштасозӣ, мардуми бегуноҳ ҷон бохта ва иғтишошгарону аъзои гурӯҳакҳои таҷзияталаб мешавад.

Бинобар ин, мардуми бегуноҳ ва неруҳои амниятӣ, ки вазифаи дифо аз амнияти ҷомеъаро бар ӯҳда доранд тавассути иғтишошгарон ба шаҳодат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, Зуҳра Илоҳиён, намояндаи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ низ гуфт, 7 ҳазор нерӯи амниятӣ дар ҳаводиси ахир маҷрӯҳ шуданд.

Бархӯрд бо иғтишошгарон аз ҳамон рӯзҳои нахусти оғози иғтишошҳо дар дастури кори маҷмӯъаи низоми Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дошта ва дар рӯзҳои ахир низ қувваи қазоия пас аз расидагӣ ба парвандаҳо, иқдоми худро барои бархӯрд бо иғтишошгарон оғоз кард. Қувваи қазоия дар канори меҳрабонии исломӣ, ки барои бархе фиребхӯрдагон дар назар гирифт, аҳкоми қотеъонаро низ барои афроде, ки муртакиби ҷиноятҳои сангине шуданд, дар дастури кор қарор дод.

Дар ҳамин росто, пас аз пирӯзии миллипӯшони футболи Эрон муқобили тими миллии футболи Уэйлс дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, раиси қувваи қазоия ба мароҷеъ ва марокизи зирабти қазоӣ дастур дод нисбат ба он даста аз зиндониён, ки шароити баҳрамандӣ аз ирфоқоти қонӯниро доро ҳастанд, ниҳояти мусоидату муъозидат анҷом гираду муқаддамоти озодӣ ва бозгашти онҳо ба оғӯши гарми хонаводаҳояшон дар аввалин фурсати мумкин фароҳам шавад. Дар пайи дастури вижаи раиси қувваи қазоия,1156 зиндонӣ аз зиндонҳои мухталиф дар кишвар аз онҷое, ки муртакиби ҷароиме назири эҷоди руъбу ваҳшат ва қатл нашуданд, озод шуданд.

Афроде низ дар миёни иғтишошгарони ахир ҳастанд, ки муртакиби эҷоди руъбу ваҳшату қатли шаҳрвандон ё неруҳои низомӣ ва амниятӣ шуданд. Маҳокими қазоӣ пас аз баррасии парвандаи ин афрод, онҳоро ба «муҳориба» муттаҳаму ҳукми эъдом содир кардааст. Маҷидризо Раҳнавард Поиндеҳ, аз ҷумлаи афроде аст, ки ду нерӯи ҳофизи амниятро ба шаҳодат расонд ва 4 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Вай дар ҷараёни додгоҳи худ расман иқрори комил ба анҷоми ин ҷиноят кард. Бар ин асос, Раҳнавард ба эъдом маҳкӯм ва ин ҳукм рӯзи 12 декабр дар «ҳузури ом» иҷроӣ шудааст.

Пас аз иҷрои ин ҳукм, таблиғоти расонаӣ бори дигар алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд. Ин таблиғот идомаи терроризми расонаӣ аст, ки дар ҳудӯди 3 моҳи ахир алайҳи Эрон ба кор гирифта шуд. Маонидону душманони низоми Ҷумҳурии исломӣ хостори ин ҳастанд, ки ҳошияи амне барои афроде, ки муртакиби қатл ё эҷоди иръоб шуданд, эҷод шавад. Бо ин ҳол, низоми қазоӣ таҳти таъсири таблиғоти расонаӣ қарор нагирифта ва иҷрои адолатро ба хусӯс барои афроде, ки ба муҳориба муттаҳам шуданд, дар авлавият қарор дод.

Нуктаи ҳоизи аҳамият ин аст, ки инки низоми қазоӣ аз миёни ҳазорон нафаре, ки боздошт шуданд, фиребхӯрдаҳоро тахфиф медиҳад ва ҳатто озод мекунаду муттаҳамон ба қатлу иръобро маҳкӯм ба эъдом мекунад, ҳокӣ аз он аст, ки ин ҳукм рабте ба моҳияти эътирози онҳо надошта ва натиҷаи рафтори хушунатталабона аст. Дар ҳамин ҳол, дасту по заданҳои душманону маонидон, таблиғоти расонаӣ ва ба ҳам рехтагии онҳо дар қиболи дастгоҳи қазоӣ низ ба ин далел аст, ки бархӯрди низоми қазоӣ аввалан барномаҳои ояндаи онҳоро барои эҷоди ошӯб дар Эрон, «ҳазинасоз» хоҳад кард ва дувуман ин иқтидор сабаб мешавад ҷанги таркибии онҳо низ ба бод биравад ва тавтеъаи ахир бо шикасти комил мувоҷеҳ шавад.