Рӯҳонӣ: Рӯзи иҷрои БАРҶОМ рӯзи азои Исроил буд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, рӯзи иҷрои БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) рӯзи азои Исроил буд.
Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз дар маросими шукргузории бардошти гандум дар Теҳрон афзуд, бо гузашти 10 моҳ аз иҷрои БАРҶОМ, рӯзе, ки ҳам Исроил сиёҳпӯш шуд ва ҳам яке аз кишварҳои минтақа, ки масири ғалатро тай мекунад, тавлиди нафти Эрон аз як миллион бушка ба 2 миллиону 300 ҳазор бушка расидааст. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, ин дар ҳолест, ки дар ин моҳҳо тавлидкунандагони нафт дар ОПЕК ва берун аз он барои коҳиши тавлиди нафту афзоиши қимати он талош мекунанд. Рӯҳонӣ гуфт, "афзоиши тавлиди нафт боиси иқтидори миллӣ дар иҷлоси ОПЕК шуд ва қудрати баҳси моро дар дунё афзоиш дод". Ӯ фазуд, “ин қудрат аст ва вақте қудрат дорем, ба ОПЕК даъват ва идоракунандаи иҷлоси ОПЕК мешавем, талош мекунем ва дар як музокироти байналмилалӣ муваффақ мешавем”.
Рӯҳонӣ таъкид кард, “фақат дар БАРҶОМ набуд, ки пирӯз шудем, дар ОПЕК ва хариди ҳавопаймо ҳам муваффақият ба даст овардем ва дар саҳнаҳои дигар ҳам муваффақ хоҳем буд”.