Январ 08, 2023 09:46 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: Ихроҷи неруҳои террористии Амрико аз минтақа ва интиқом аз қотилони шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ маҳфуз аст
    Генерал Боқирӣ: Ихроҷи неруҳои террористии Амрико аз минтақа ва интиқом аз қотилони шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ маҳфуз аст

Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард: Интиқом аз қотилон ва омилони иқдоми террористии генерал Сулаймонӣ барои Ҷумҳурии Исломӣ ва ҷабҳаи муқовимат ҳамчунон маҳфуз аст ва ин парванда то муҷозоти террористҳо боз хоҳад монд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Муҳаммади Борқирӣ дар паёми ба муносибати гиромидошти солрузи амалиёти ғуруофарини шаҳид Сулаймонӣ афзуд: Иқдоми террористии давлати Амрико дар терори қаҳрамони миллии Эрон ва ҷаҳони ислом генерал Қосими Сулаймонӣ ва ҷамъи аз фармондеҳон ва ҳамразмони ӯ дар ҷабҳаи муқовимат миллати Эрон, миллатҳои исломӣ ва дигар милали ҷаҳонро дар буҳти аҷиб фуру бурд, ки чигуна як давлат тавониста аст бар хилофи ҳамаи қавоиди ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ меҳмони расмии давлати Ироқро ҳадафи ҳамлаи паҳподи қарор диҳад.

Дар ин паём омада аст: Бадеҳи буд, ки дар чунин шароити муқобила бо иқдомоти террористии Амрико ва аввалин мутолибаи миллати Эрон ва балки миллатҳои ҳақҷу пас аз шаҳодати сайиди шуҳадои меҳвари муқовимат табдил шавад ва неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бо дарки ин матолебаи ба ҳақ дар тадоруки бомборон ва инҳидоми пойгоҳи амрикоӣ "Айнуласад" дар хоки Ироқ баромад, ки ба унвони яке аз пойгоҳҳои тарроҳи терори генерал Сулаймонӣ шинохта шуда буд.

Дар паёми раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон омада аст: Амалиёти неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳамла ба "Айнуласад" албата оғози кор буд ва роҳбурди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва меҳвари муқовимат чуноне, ки генерал Сулаймонӣ ҳам дар садади таҳаққуқи он буд ихроҷи неруҳои террористӣ Амрико аз минтақа аст ва ин ҳадаф то ҳосили натиҷа дунбол хоҳад шуд.

 

Барчасп