Раисӣ: Суханони Байден навъи бозгашт ба фарҳанги даврони истеъморгарӣ аст
(last modified Mon, 09 Jan 2023 08:31:03 GMT )
Январ 09, 2023 13:31 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ тасреҳ кард: пушти жестҳои фаребандаи Амрико дар дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳуқуи занон, ҳайати ваҳши ва руҳияи фиръавнӣ пинҳон аст
    Раисӣ тасреҳ кард: пушти жестҳои фаребандаи Амрико дар дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳуқуи занон, ҳайати ваҳши ва руҳияи фиръавнӣ пинҳон аст

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо ишра ба суханони Раиси Ҷумҳӯрии Амрико, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро ба васлаи шалвори амрикоиҳо ташбеҳ карда буд гуфт, суханони Байден навъи бозгашгт ба фарҳанги даврони истеъморгарӣ аст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсат Ҷумҳӯри, Сийид Иброҳим Раисӣ, Раис Ҷумҳӯрии Ислдомии Эрон дирӯз якшанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат афзӯд: Суҳбатҳои руасои Ҷумҳӯри Амрико дар таҳқири миллатҳо ва давлатҳои  масбуқ ба собиқа аст.

Раисӣ тасреҳ кард: Суханони Байден ба навъе бозгашт ба фарҳанги даврони истеъморгарӣ ва далели бар  ин мудаъоҳост, ки пушти жестҳои фаребандаи Амрико дар дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҳуқуи занон, ҳайати ваҳши ва руҳияи фиръавнӣ пинҳон аст.

Раис Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳамчунин иқдоми вақиҳонаи нашрияи фаронсавӣ дар иҳонат ба марчаъият ва арзишҳои динӣ ва инсонии мардуми Эронро маҳкум ва тасреҳ кард, тавасул ба тавҳин ва иҳонат он ҳам ба баҳонаи озодӣ, гувоҳи рушане бар пучии мантиқи ҳаттокон ва ноумедии онҳо аз ба самар расидани тавтиаи ошӯб ва ноамнӣ дар кишвар аст.

Нашрияи фаронсавӣ  "Чарлие Ҳебдо", ки пештар ба соҳати муқаддаси Паёмбари Ислом (с) иҳонат карда буд, ахиран мусобиқае бо ҳадафи нашри  карикатурҳои  марҷаи динӣ ва сиёсӣ баргузор кард, ки интиқодоти зиёде ба ин нашрия ва ҳамчунин сиёсати Фаронса дар заминаи ончӣ, ки озодии баён меномад, ба дунбол дошт.

Бештар бихонед: