Содироти Эрон ба Туркия бо рушди 24 дарсади аз 3 миллиард доллар гузашт
(last modified 2023-01-11T08:18:32+00:00 )
Январ 11, 2023 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамчунин Туркия дар ёзда  моҳҳаи соли 2022 мелодӣ 3.1 миллиард доллар коло аз Эрон ворид кардаст
    Ҳамчунин Туркия дар ёзда моҳҳаи соли 2022 мелодӣ 3.1 миллиард доллар коло аз Эрон ворид кардаст

Содироти Эрон ба Туркия дар 11 моҳи 2022 бо рушди 24 дарсади ба 3.1 миллиард доллар расид.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ирно, ҷадидтарин омори мунташир шуда аз сӯйи идораи омори Туркия нишон медиҳад мубодилоти тиҷории  ин кишвар бо Эрон дар 11 моҳи 2022 рушди 18 дарсади доштааст.  Арзиши тиҷорати Эрон ва Туркия, ки дар моҳҳои январ ва ноябри 2022 болиғ бар 4.99 миллиард доллар эълом шуда буд дар муддати мушобеҳи соли 2022 ба 5.88 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Бар асоси ин гузориш содиротии Туркия ба Эрон дар моҳҳои январ то ноябри 2022 бо афзоиши 12 дарсади нисбат ба муддати мушобеҳи мсоли қабл мувоҷеҳ шуда ва ба 2.78 миллиард доллар расидааст, Туркия дар январ то ноябри 2021 болиғ бар 2.49 миллиард доллар коло ба Эрон содир карда буд. Ҳамчунин Туркия дар ёзда  моҳҳаи соли 2022 мелодӣ 3.1 миллиард доллар коло аз Эрон ворид кардаст, ки ин рақам нисбат ба соли мушобеҳи соли қабл рушди 24 дарсади доштааст. Туркия дар моҳҳои январ то нояюбри 2021 болиғ бар 2.5 миллиард доллар коло аз Эрон ворид карда буд. Трози тиҷории Эрон бо Туркия дар 11 моҳи соли 2022 ба мизони 320 миллион доллар ба фоидаи Эрон будааст. 

Барчасп