Январ 12, 2023 11:43 Asia/Dushanbe
  • ,устариши идомадори ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русия
    ,устариши идомадори ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русия

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар аҳамияти густариши идомадори ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Русия, ба хусус дар ҳавзаи транзиту энержӣ, ин ҳамкориҳоро муҷиби ниҳодина кардани равобити судманд барои миллатҳои ду тараф ва ҳамчунин кишварҳои минтақа донист.

Ба гузориши ИЛНА, Сайид Иброҳими Раисӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо таъкид бар аҳамияти густариши идомадори ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, ба хусус дар ҳавзаи транзиту энержӣ, ин ҳамкориҳоро муҷиби ниҳодина кардани равобити судманд барои миллатҳои ду тараф ва ҳамчунин кишварҳои минтақа донист.

Раиси ҷумҳур дар бахши дигаре аз суханонаш бо таъкид бар ин ки фақат аз тариқи ҳамкориву ҳамоҳангӣ метавон масоили минтақаӣ, аз ҷумла дар Қафқозу Сурияро ҳаллу фасл кард, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар тақвияти ҳамгароии минтақаӣ ва зараровар будани дахолати бегонагон таъкид дорад.

Вай дар бораи талошҳо барои ҳалли масоили Сурия низ бар меҳварияти чорчӯби «Остона» таъкид ва омодагии Эронро барои нақшофаринии фаъолу созанда дар ҷиҳати поён ёфтани даргириҳову истиқрору эҷоди сулҳ дар Украина эълом кард.

Владимир Путин гуфт, густариши зарфиятҳову ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла дар арсаи транзиту энержӣ ба нафъи иқтисодҳои кулли минтақаи АвруОсиё аст.

Вай дар бахши дигаре аз суханонаш бо истиқбол аз ибтикори Эрон барои истиқрори сулҳ дар Украина, бар ҳамоҳангӣ барои ҳалли мушкилоти Сурия дар чорчӯби «Остона» таъкид кард.

 

Барчасп