Январ 12, 2023 20:23 Asia/Dushanbe
  • Захарова : Дидори вазирони хориҷаи Эрону Русия ; дар Маскав ҳафтаи оянда

Мария Захарова-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия гуфт : Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи Русия 17 январ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-ҳамтои эронии худ дар Маскав дидор хоҳад кард .

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Русия дар дидори вазирони хориҷаи Русияву Эрон дар Маскав раванди эҳёи Барномаи иқдоми ҷомеъи муштарак дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон ( Барҷом ) ва мавзӯъоти дуҷониба ва байналмиллалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт .

Захарова дар тавзеҳи ҷузъиёти бештари ин дидор афзуд : Интизор меравад дар ин дидор табодули назари дуҷониба дар бораи теъдоде аз мавзӯъоти байналмиллалӣ ва минтақаӣ аз ҷумла вазъияти Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак дар бораи барномаи ҳастаии Эрон идома ёбад .
Вай идома дод : Дар ин дидор ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби ниҳодҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ва вазъияти Сурия, Афғонистон, минтақаи Қафқоз ва мавзӯи баҳри Хазар низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт .

Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Русия тасреҳ кард : Лаврову Амирабдуллоҳиён ҳамчунин дар бораи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва барномарезӣ барои иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи энержӣ, ҳамлу нақл ва соири бахшҳо гуфтугӯ карда ва ба мавзӯи интиқол ба марҳалаи ниҳоии фароянди музокира барои бастани тавофуқномаи комил дар мавриди минтақаи тиҷорати озоди байни Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Эрон хоҳанд пардохт.
 

 

Барчасп