Январ 14, 2023 11:31 Asia/Dushanbe

Тими миллии ҳандболи Эрон муваффақ шуд дар дидори аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон баробари Чили бо натиҷаи 25 бар 24 ба бартарӣ бирасад .

Тими миллии ҳандболи мардони Эрон дар нахустин дидори худ дар даври муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон баробари Чили пирӯз шуд ва ҷавози ҳузур дар ҷамъи 24 тими аслиро касб карданд .
Бисту ҳаштумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии ҳандболи ҷаҳонии мардон аз 11 то 29 январи 2023 ба мизбонии муштараки ду кишвари Полшаву Шветсия баргузор мешавад ва тими Эрон дар гуруҳи аввал бо тимҳои Чили, Испания ва Монтенегро ҳамгуруҳ аст .
 

 

Барчасп