Январ 15, 2023 10:37 Asia/Dushanbe
  • Генерал Сабоҳифард: Сомонаи мушакии бовар 373 ба сурати амалиёти дар чархаи падофанди ҳозир аст
    Генерал Сабоҳифард: Сомонаи мушакии бовар 373 ба сурати амалиёти дар чархаи падофанди ҳозир аст

Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳузури сомонаи мушакии бовар 373 дар чархаи падофандии кишвар хабардоду гуфт: Иртиқои сомонаи бовар 373 Эрон қудрати мутлақи падофанди ҳавоӣ ҷаҳон аст.

Генерал Алиризо Саҳобифард, фармондеҳи неруи ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугу бо хабаргузории Форс дар бораи тавони ин неру дар дифо аз кишвар афзуд: Неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон қудрати мутлақи падофанди ҳавоӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Саҳобифард гуфт: Сомонаи мушакии бовар 373 ҷузи сомонаҳое аст, ки фақат як ё ду кишвар дар ҷаҳон мушобеҳи чунин сомонаро доранд.

Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки озмоишҳои иртиқои сомонаи мушакии бовар 373 анҷом шуда аст таъкид кард: Ҷаҳон шоҳиди буруз ва зуҳури ин сомона буд ва акнун низ ба қудрати падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон воқиф аст.

Генерал Саҳобифард таъкид кард: Сомонаи мушакии бовар 373 акнун дар чархаи падофанди Эрон ҳузур дорад ва осмони муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эронро расад мекунад.

Фармондеҳи неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Сомонаҳои падофанди Эрон қодир ҳастанд аҳдофи бо RCS сатҳи мақтаии кучакро ҳадаф қарор диҳанд. Неруи падофанди ҳавоӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз 4 неруи зермаҷмуъаи артиш аст, ки вазифаи дифоъи заминӣ аз ҳарими ҳавоӣ кишварро бар уҳда дорад.

Барчасп