Масдумияти 20 нафар дар заминларзаи Хӯи Эрон
Фармондори хӯи Эрон аз масдумияти 20 нафар дар заминларзаи ин шаҳристон хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Забеҳуллоҳ Козимӣ, фармондори шаҳристони Хӯи Эрон гуфт, тибқи омори аввалия 20 нафар дар заминларзаи минтақаи Фирурақи ин шаҳристон масдум шуда ва барои мудово ба марокизи дармонӣ муроҷиа кардаанд.
Козимӣ бо баёни ин ки бештари масдумон дар ҳангоми хуруҷ аз манзил ба сурати ҷузъӣ дучори шикастагӣ шудаанд, афзуд: мудовои масдумони заминларза дар ҳоли анҷом аст.
Фармондори шаҳристони Хӯи Эрон бо ишора ба ин ки дар ин ҳодиса то кунун мавриди фавтӣ гузориш нашудааст, тасреҳ кард, 15 тими арзёбӣ ҳам барои баррасии хисоратҳо дар шаҳри Фирурақ ва бархе рустоҳои атрофи минтақаи зилзилазада ҳузур доранд.