Қолибоф: Маҷлиси Эрон ба ҳар иқдоми Аврупо зидди Сипоҳ, иқдоми фаври ва мутақобил нишон хоҳад дод
(last modified 2023-01-22T06:34:24+00:00 )
Январ 22, 2023 11:34 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: Маҷлиси Эрон ба ҳар иқдоми Аврупо зидди Сипоҳ, иқдоми фаври ва мутақобил нишон хоҳад дод
    Қолибоф: Маҷлиси Эрон ба ҳар иқдоми Аврупо зидди Сипоҳ, иқдоми фаври ва мутақобил нишон хоҳад дод

Раиси маҷлиси шурои исломии Эрон гуфт, ки маҷлис омодаи вокуниши фаврии мутақобил ба ҳаргуна иқдом дар бораи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст.

Парлумони Аврупо дар идомаи иқдомоти зидди эронӣ ва мавозеъи мудохилаҷуёнаи ахири худ дар умури Эрон 18 январ бо тасвиби тарҳи зидди эронӣ хостори қарор гирифтани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳрести мавсум ба террористии Иттиҳодияи Аврупо шуд албата мусаваботи парумлони Аврупо илзомовар нест ва танҳо дар ҳукми пешниҳод ба шурои Аврупо аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси маҷлиси шурои ислоимии Эрон дар баёни пеш аз дастури худ дар нишасти алании имруз якшанбе бо баёни ин ки аврупоиҳо дар ҳамаи солҳои гузашта ҷинояткортарин террористҳо зидди Эрон яъне мунофиқинро паноҳ доданд ба аврупоиҳо ҳушдор дод дар сурате, ки чунин иқдоми муртакиб шаванд Эрон низ неруҳои низомии онҳоро дар минтақа ба унвони гуруҳҳои террористӣ шиносоӣ хоҳад кард.

Қолибоф афзуд: Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мунҳасир ба фардтарин ниҳоди зидди террористӣ дар ҷаҳон аст, ки бо вуҷуди ҳамаи ҳимоятҳои Амрико бо кумакти мардуми минтақа ҳукумати ДИИШ-ро соқит кард ва хатари ҷаҳонии ин ҷараёни террористиро аз байн бурд.

Раиси маҷлиси шурои исломии Эрон таъкид кард: Сипоҳ натанҳо дар роҳи мубориза бо терроризм чандин нафар аз ҷумла яке аз бузургтарин фармондеҳонаш яъне шаҳид Сулаймониро қурбонии терроризм дид балки барои муқобила бо терроризми байналмилали даҳҳо шаҳид дод.

Қолибоф бо баёни ин ки ҳар навъ иқдом зидди Сипоҳ аз ҷумла таҳрим ё қарор додан дар листҳои муваҳими монанди гуруҳҳои ба истилоҳ террористӣ тавҳин ба ҳамаи миллати Эрон аст изҳор кард миллионҳо эронӣ узви сипоҳ ва басиҷ ҳастанд дар саросари минтақари ғарби Осиё низ миллионҳо нафар таъалуқи амиқ ва ҷидди ба Сипоҳ доранд.