Исломӣ: Эрон дар тавлиди радиодору дар зумраи 5 кишвари нахусти ҷаҳон аст+видео
(last modified 2023-01-25T13:08:36+00:00 )
Январ 25, 2023 18:08 Asia/Dushanbe
  • Исломӣ: Эрон дар тавлиди радиодору дар зумраи 5 кишвари нахусти ҷаҳон аст+видео
    Исломӣ: Эрон дар тавлиди радиодору дар зумраи 5 кишвари нахусти ҷаҳон аст+видео

Раиси созмони энержии атомии Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавлиди радиодору ҷузи 5 кишвари аввали ҷаҳон аст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, Муҳаммади Исломилӣ, раиси созмони энержии атомии Эрон рузи чаҳоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат дар бораи содироти радиодоруҳои эронӣ афзуд: Пас аз поёни ҳамагирии ҷаҳонии корона раванди содироти радиодоруҳо ба 9 кишвари ҷаҳон аз саргирифта шуда аст ва донишмандони пурталоши Эрон дар созмони энержии атомӣ аз кишварҳои матраҳ дар тавлид ва арзаи дадиодоруҳо ҳастанд.

Муъовини раиси ҷумҳур ва раиси созмони энержии атмоии Эрон гуфт: Радиодоруҳои тавлиди дар Эрон илова бар тамаркуз бар афоиши зариби доруҳои ташхис, асарбахшии болотари нисбат ба доруҳое дорад, ки дар бахши дармон дар ҳавзаи саратон мавриди истифода қарор мегирад.

Исломӣ таъкид кард: Эрон имруз тавонист дар зумраи 5 кишвари аввали дунё қарор диҳад.

Раиси созмони энержии атомии Эрон ҳамчунин гуфт: Барномарези ва ройзани барои сафари Рафаел Гросси, мудири кулли ожонси байналмилалии энержи атомӣ ба Эрон дар дастури кор қарор гирифт ва дар ҳоли пайгири аст.

Муъовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Таъомули Эрон бо ожонси байналмилалии энержии атомӣ барқарор аст ва воҳидҳои иттилоъотии ожонс гузори доданд, ки ҳеҷ инҳирофи аз фаъолиятиҳои ҳастаӣ Эрон вуҷу надорад.

Барчасп