Январ 30, 2023 12:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи резпарандаҳо дар Исфаҳон бо муваффақият дафъ шудааст
    Ҳамлаи резпарандаҳо дар Исфаҳон бо муваффақият дафъ шудааст

Вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон эълом кард, шомгоҳи шанбе яке аз муҷтамаъҳои коргоҳии Вазорати дифоъ дар Исфаҳон мавриди ҳамлаи номуваффақи резпарандаҳо қарор гирифт, ки яке аз онҳо бо исобати падофанди ҳавоии муҷтамаъ ва ду фарванди дигар дар доми падофандӣ гирифтор ва мунфаҷир шуданд.

Дар баёнияи Вазорати дифои Эрон, ки ба дунболи вуқуи ҳодисаи инфиҷор дар яке аз саноеи дифоии Исфаҳон мунташир шуд, омадааст: Ин ҳамлаи номуваффақ шомгоҳи ҳаштуми баҳмани 1401 сурат гирифт, ки бо пешбиниҳову тамҳидоти падофандии ҳамлаи резпарандаҳо бо муваффақият дафъ шудааст.

Бо вуҷуди он ки ҳанӯз ҷузъиёти бештаре аз ин ҳамлаи номуваффақ мунташир нашудааст, аммо чунин ҳамалоте дар гузашта низ рӯй додаву чандин мавриди инфиҷор дар атрофи таъсисоти низомиву ҳастаии Эрон сурат гирифтааст.

Душманон дар ҳамаи ин ҳамалот ва иқдомоти харобкорона талош кардаанд ҳам монеъ аз пешрафтҳои рӯзафзуни Ҷумҳурии исломии Эрон дар саноеи дифоиву ҳастаӣ шаванд ва ҳам Эронро маҷбур ба имтиёздиҳӣ ва ақибнишинӣ аз сиёсатҳои дифоии худ кунанд.

Дар воқеъ, душманон, аз ҷумла Амрикову режими саҳюнистӣ, ки сиёсати афзоиши фишорҳо ва ба инзиво кашондани Эронро дунбол мекунанд, дар солҳои ахир аз террору иқдомоти харобкорона низ барои таваққуф ва ё ба таъхир андохтани барномаҳои дифоиву ҳастаии Эрон истифода кардаанд.

Бомбагузорӣ, ҳамалоти кибернетикӣ ва террори фармондеҳони муқовимату донишмандони ҳастаии Эрон аз ҷумлаи ин иқдомоти душманон маҳсуб мешавад, ки бо ҳадафи эҷоди монеа дар масири пешрафтҳои илмиву дифоӣ ва ҳамчунин коҳиши иқтидору қудрати рӯзафзуни Ҷумҳурии исломии Эрон анҷом шудааст.

 

Барчасп