Январ 31, 2023 13:52 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Эрон : Инқилоби исломӣ бо ҳамаи фитнаҳову тавтеъаҳо дар дунё ҷилваҳои бештаре ёфт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ҳамаи фитнаҳову тавтеъаҳои душман мондагор шудаву ҷилваҳои бештаре дар дунё пайдо кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар маросими таҷдиди мисоқ бо ормонҳои бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд : Бо ихлосу ҳаққонияти ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) вафодорӣ ва дилдодагии мардум ба инқилоби исломӣ густариш ёфту баъд аз гузашти 44 сол аз пирӯзии инқилоби исломӣ, ин инқилоб алорағми ҳамаи фитнаҳову тавтеъаҳои душман, ҷилваҳои бештаре дар дунё пайдо кардааст .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки фитнаҳои бисёре барои аз байн бурдани инқилобу мироси гаронқадри Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар беш аз чаҳор даҳаи гузашта сурат гирифтааст, афзуд : Имом мардумро бовар дошт ва имрӯз бояд иродаи мардум ва хости онҳо барқарор бошад .
Раисӣ ба вафодорӣ ва дилбохтагии мардум ба инқилоби исломӣ ишора карду афзуд : Нишонаи ин дилдодагии мардум шуҳадо ҳастанд, ки ҷони худро барои ҳифзу ҳаросат аз инқилоб доданд .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар инки роҳи масӯнсозии ҷавонон ошноӣ бо шахсияти бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ ва абъоди инқилоби исломӣ аст, гуфт : Аҳли фарҳанг ва қалам бидонанд имрӯз яке аз роҳҳои масӯнсозии ҷомеъа ва ҷавонон, ки Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва ҷангро надиданд ин аст, ки ормонҳои инқилоби исломии Эрон барои ҷомеъаи имрӯз ҳунармандона баён шавад .
Раиси қувваи муҷрияи Эрон ҳамчин бо баёни инки вазифаи давлат ва ҳамаи касоне, ки дар кисвати хизматгузорӣ ҳастанд тавваҷуҳ ба хосту иродаи мардум аст афзуд : Бояд дар ҷиҳати роҳбурди раҳбарӣ ва низом ҳаракат кард, зеро роҳбурди низоми Ҷумҳурии исломӣ роҳбурди эҷоди умед ва роҳбурди душмани эҷод яъс аст .
 Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурӣ ва аъзои давлати сездаҳуми Эрон субҳи рӯзи сешанбе ва дар остонаи айёмуллоҳи даҳаи Фаҷр бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо ормонҳои бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрони таҷдиди мисоқ карданд .


Бештар бихонед :

 

Барчасп