Раисӣ: Душман аз иқдомоти давлат ва миллати Эрон дар масири хунсо созии таҳримҳо асабонӣ аст
(last modified 2023-02-01T06:02:55+00:00 )
Феврал 01, 2023 11:02 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Душман аз иқдомоти давлат ва миллати Эрон дар масири хунсо созии таҳримҳо асабонӣ аст
    Раисӣ: Душман аз иқдомоти давлат ва миллати Эрон дар масири хунсо созии таҳримҳо асабонӣ аст

Раисҷумҳӯрии Исломии Эрон, ошӯб ва таҳримҳоро ду рӯйи як сика хонд ва гуфт, душман аз иқдомоти давлат ва миллати Эрон дар масири хунсо созии таҳримҳо асабонӣ аст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳӯрӣ,Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳӯрии Исломии Эрон шомгоҳи сешанбе дар ҳаштумин гуфтугӯи зиндаи телевизионии худ бо мардум, зимни табрики фарорасидани айёми даҳҳаи Фаҷр изҳор кард, яке аз далоили ошӯбҳои ахир дар ин кишвар ин  буд, ки душман фаҳмид таҳримҳояш бо иқдомоти давлатмардон ва истодагии мардуми Эрон бе ассар шудааст.

Раисӣ, афзоиши содироти нафти Эрон, рушди панҷ дарсадии тавлид, эҷоди қариб як миллион иштиғол ва коҳиши таварум бо вучӯди таҳримҳоро аз далоили асабонияти душман аз давлат ва мардуми Эрон унвон кард.

Раисҷумҳӯри Исломии Эрон бо баёни ин, ки душман далели рушти шохисаҳои иқтисодии кишвар даст ба тавтиа зад, тасреҳ кард, бо иродаи миллат ва хидмагузории  давлат ва ҳамчунин иттико ба зарфиятҳои бисёре, ки дар Эрон вуҷӯд дорад, ҳаракат дар ин масир рӯз ба рӯз пуршитобтар хоҳад шуд.

Раисӣ ҳамчунин ишора  ба нақши  платформаҳо ва сакуҳои хориҷӣ дар иғтишошоти ахири Эрон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба бастарсозии ноамнӣ дар Эрон тавассути платформаҳои хориҷӣ, маҳдудиятҳо барои фаъолияти ин платаформаҳо дар кишвар эҷод шуд зеро дар ҳеҷ куҷои дунё иҷоза намедиҳан, ки платформаи хориҷӣ, бастари ноамнӣ ва иғтишошро эҷод кунад.

Раисҷумҳӯрии Исломии Эрон бо баёни ин, ки аврупоиҳо бояд аз стандардҳои дугона даст бардоранд, гуфт, бар асоси баррасии  эъломи Маркази миллии фазои маҷозӣ ва ҳамчунин дабирхонаи Шӯрои олии амнияти милли  Эрон, ҳар платформаи хориҷие, ки бихоҳад дар Эрон фаъол шавад табиатан бояд нисбат ба амалкардаш посухгӯ бошад. 

Барчасп