Тафсир - Вокуниши Эрон ба иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ ва мавзеъгирии таҳрикомези Украина
(last modified Thu, 02 Feb 2023 06:35:04 GMT )
Феврал 02, 2023 11:35 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Вокуниши Эрон ба иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ ва мавзеъгирии таҳрикомези Украина

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони милал рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи коргоҳии вазорати дифо дар Исфаҳон дар номае ба дабири кулли Созмони милал ва низ раиси давраии Шӯрои амният гуфт, ки таҳқиқоти аввалия нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ масъули ин ҳамла буда ва ин иқдом, нақзи қавонини байналмилал ва маҳкум аст.

Дар номаи намояндаи доими Эрон дар Созмони милал бо ташреҳи мавзеи усӯлии Ҷумҳурии исломии Эрон дар мавриди муноқишаи кунӯнӣ дар Украина мабнӣ бар бетарафии фаъол ва эҳтиром ба ҳокимияту истиқлол, ваҳдату тамомияти арзии Украина эътирози худ ба баёнияи таҳрикомез ва ғайриқобилии тавҷеҳи як мақоми аршади украинӣ нисбат ба ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи коргоҳии вазорати дифои Эрон дар шаҳри Исфаҳону истиқбол дар истифода аз зӯр алайҳи зерсохтҳои ҳаётии Эронро эълом ва ин гӯна изҳорот ва иқдомотро ғайри масъӯлона ва нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва усӯли мундараҷ дар Маншури Милал Муттаҳид донист ва аз Шӯрои амнияти Созмони милал хост то онро маҳкӯм кунад.

Мавзеъгири қотеъонаи Эрон дар қиболи иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ ва мавзеъгириҳои таҳрикомези Украин, ки дар қолаби номаи расмӣ ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид иброз шуда, нишон медиҳад, ки Теҳрон дар қиболи кунишҳои душманону муттаҳидони онҳо комилан ҳушёр аст ва ба хубӣ таҳаррукоти онҳоро дунбол карда ва ба мавқеъ вокунишҳои амалиро низ нишон хоҳад дод. Ин нахустин бор нест, ки Тел Авив мубодират ба иқдомоти харобкорона ва таҳоҷумӣ алайҳи Эрон мекунад. Режими саҳюнистӣ ба унвони бузургтарин душмани минтақаии Эрон илова бар талош барои эътилофсозии минтақаӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, саъй карда то иқдомоти барандозона ва тахрибиро дар дохили Эрон бо истифода аз авомили муздӯри худ анҷом диҳад. Агарчӣ террори шахсиятҳои илмӣ ва донишмандон, инфиҷор дар таъсисоти санъатӣ ва иқдомоти террористӣ, аз ҷумлаи равишҳои мавриди алоқаи Сервиси иттилооти хориҷии режими саҳюнистӣ (Моссад) алайҳи Эрон дар солҳои ахир буда, аммо дар бисёре мавоқеъ, ин тарроҳиҳои чандлоя, бо шиносоии комили тимҳои нуфӯзӣ, бо шикаст мувоҷеҳ шудааст. Ҳамчунон, ки талоши соли гузаштаи милодии ин режим барои ҳамла ба таъсисоте дар Исфаҳон бо кумаки авомили гурӯҳаки таҷзияталаби Кумула бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва ин авомил ба ҳамроҳи таҷҳизоташон дастгир шуда буданд. Дар айни ҳол Эрон шавоҳиди равшане дар бораи дахолати режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба таъсисоти вазорати дифо дар Исфаҳон ироа додааст. Сафири Эрон дар номаи худ бо ишора ба изҳороти 27 январи раиси режими саҳюнистӣ дар мақари НАТО ва 16 январи раиси Ситоди артиши ин режим нисбат ба таҳдид ба истифода аз зӯр алайҳи зерсохтҳои ҳаётии Эрон, аз ҷумла таъсисоти ҳастаии сулҳомези Эрону нақзи қавонини байналмилалӣ ва Маншури Созмони милал эътироз кард. Дар номаи сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал бо ишора ба изҳороти Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар мусоҳибаи ахир бо СНН дар 31 январ ва эътироф ба дахолати ин режим дар иқдомоти харобкорона ва террористӣ дар Эрон таъкид шудааст, ин режим бояд посухгӯи тамомии иқдомоти ҷинояткорона ва террористӣ, иртикобӣ алайҳи Эрон бошад ва бидуни истисно бо авоқиби он мувоҷеҳ шавад.

Масъалаи дигар мавзеъгирии таҳрикомези Украин дар ҳимоят аз ҳамла ба таъсисоти вазорати дифо дар Исфаҳон аст. Михаил Подоляк, мушовири раисиҷумҳури Украина бо интишори паёме дар сафҳаи шахсеии худ дар “Твиттер” бо лаҳне кинатузона, аз мушорикати Киев дар иқдом алайҳи муҷтамаи коргоҳии вазорати дифо дар Исфаҳон хабар дода буд. Ӯ рӯзи якшанбе 29 январ воқеаҳои бомдоди якшанберо «шаби инфиҷорӣ дар Эрон» номид ва дар Твиттер хитоб ба мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон навишт: « Украина ба шумо ҳушдор дода буд.» Бо таваҷҷуҳ ба паёми мушовири раисиҷумҳури Украина, ки талвеҳан шарокати Киев дар иқдоми хасмона алайҳи Ҷумҳурии исломии Эронро эълом карда, агар давлати Украин ба таври расмӣ мушорикати худ дар ин заминаро инкор накунад, бояд омодаи пазириши паёмадҳои ин мавзеъгирии ғайри масъулона бошад.

Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо эълом карда, ки ҳаққи машруъ ва зотии худро бар асоси ҳуқуқи байналмилал ва Маншури милали муттаҳид барои дифо аз амнияти миллии худ ва посухи қотеъ ба ҳаргуна таҳдид ё иқдоми нодуруст дар ҳар куҷо ва ҳар замон, ки лозим бидонад маҳфӯз медорад. Дар айни ҳол Теҳрон бар ин масъала таъкид карда, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бояд масъулияти худ бар асоси маншурро анҷом диҳад ва изҳороти ҷангталабонаи мақомоти режими саҳюнистиро маҳкӯм ва аз ин режим бихоҳад, ки қавонини байналмилалиро риоят кунад ва ба барномаҳои хатарнок ва фаъолиятҳои мухарриби худ дар минтақа поён диҳад.