Феврал 05, 2023 17:38 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти даҳҳо ҳазор нафар аз муттаҳамон ва маҳкӯмон

Ба муносибат фаро расидан 44-умин солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва идҳои моҳи раҷаб, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти даҳҳо ҳазор нафар аз муттаҳамону маҳкӯмон мувофиқат карданд.

Дар пайи пешниҳоди ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ғуломҳусайни Муҳсини Эжай, раиси қувваи қазоия ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мабнӣ бар мувофиқат бо афв ва тахфифи муҷозоти ҷамъи қобили таваҷҷӯҳе аз муттаҳамон ва маҳкӯмони ҳаводиси ахир ва ҳамчунин маҳкӯмони додгоҳҳои умумӣ ва инқилобу созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ин пешниҳод мувофиқат карданд.

Дар номаи ҳуҷҷатулислом валмуслимин Эжай, ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ омадааст: Дар ҷараёни ҳаводиси ахир теъдоде аз афроди бавижаи ҷавонон дар асари илқоот ва таблиғоти душман муртакиби рафторҳои нодуруст ва ҷурмҳое шуданд, ки илова бар гирифторӣ барои худ, боиси заҳмати хонавода ва наздикони хеш гардиданд ва акнӯн теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз онон баъд аз бармало шудани нақшаи душманони хориҷӣ ва ҷараёнҳои зидди инқилоб ва зидди мардумӣ бо изҳори пушаймонӣ ва надомати тақозоӣ бахшиш доранд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, раиси қувваи қазоия дар номаи худ навиштааст: Куллиёти шароит ва завобити афву тахфифи муҷозоти муттаҳамон ва маҳкӯмон пас аз анҷоми корҳои коршиносӣ ва машварат бо мақомоти зисалоҳ дар ду бахш таҳия шудааст.

Дар бахши аввали ин нома зимни эъломи шурӯти афву тахфифи муҷозот барои муттаҳамон ва маҳкӯмони ҳаводиси ахир таъкид шудааст, парвандаи муттаҳамону маҳкӯмон дар сурати доштани шароити мундариҷ, дар ҳар марҳалае, ки бошад, махтӯма мегардад.

Дар эъломи шароити афву тахфифи муҷозоти муттаҳамону маҳкӯмони ҳаводиси ахир адами иртикоби ҷосӯсӣ ба нафъи аҷониб, адами иртиботи мустақим бо авомили сервисҳои иттилоотии хориҷӣ, адами иртикоби қатлу ғорат, адами иртикоби тахрибу оташ задани таъсисоти давлатӣ, низомӣ ва умумӣ, надоштани шокӣ ё муддаии хусӯсӣ зикр шудааст.

Дар бахши дувуми дархости раиси қувваи қазоия барои бархӯрдории маҳкӯмони додгоҳҳои умумӣ ва инқилобу Созмони қазоии неруҳои мусаллаҳ аз афву тахфиф дар муҷозот низ шароите эълом шудааст.

Дар номаи раиси қувваи қазоия чанд гурӯҳ аз шумӯли ин афв мустасно шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо муртакибини харид, фурӯш ва қочоқи силоҳи гарм, афроди дорои ҷурми сирқату роҳзанӣ, ҷароими марбӯт ба маводи мухаддир ва равонгардон ба сӯрати мусаллаҳона, доир кардани марокизи фасод ва фаҳшо, қочоқи машруботи алколӣ, қочоқи созмонёфта ва ҳирфаӣ ва умдаи коло ва арз, мубоширату муовинат дар ихлоли умда ва калон дар низоми иқтисодӣ ва ҷароим алайҳи амнияти дохилӣ ва хориҷӣ ҳастанд.

 

Барчасп