Сафари дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Русия
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон барои ширкат дар иҷлоси гуфтугуи амнияти минтақаӣ озими Маскав шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Шамхонӣ-дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар сафар ба Маскав илова бар ширкат дар иҷлоси гуфтугуи амнияти минтақаӣ б о мақомоти амниятии Русия ва бархе кишварҳои ширкаткунанда дар ин иҷлос низ дидору гуфтугу мекунад.
Дар иҷлоси гуфтугуи амнияти минтақаӣ, ки бо ҳузури дабирон, мушовирон ва намояндагони ниҳодҳои амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад, таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии ин кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт .
Силсилаи нишастҳои гуфтугӯи амнияти минтақаӣ бо ибтикори Ҷумҳурии исломии Эрон дар соли 2018 поягузорӣ шуд .
Нишастҳои аввал ва дувуми гуфтугӯи амнияти минтақаӣ ба мизбонии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон ва нишасти сеюму чаҳорум низ бо мизбонии Ҳинд дар Деҳлии нав ва шаҳри Душанбеи Тоҷикистон баргузор шуда буд.