Феврал 10, 2023 17:54 Asia/Dushanbe
  • Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Чин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эронро табрик гуфтанд

Вазирони умури хориҷаи Чину Тоҷикистон дар паёмҳои ҷудогонае солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломиро ба миллати Эрон табрик гуфтанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба вазири умури хориҷаи Эрон бо табрики солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ, аз пешрафти чашмгири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамомии арсаҳои давлатдорӣ, афзоиши эътибору манзалати он дар саҳнаи байналмилалӣ ибрози хурсандӣ кард.

Чин Ган, вазири умури хориҷаи Чин низ бо ирсоли паёме ба Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон бо табрики самимонаи солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ, бар аҳаммияти тавсеаи равобити Эрону Чин таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Чин хитоб ба вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, тавофуқи муҳими сарони ду кишвар барои тавсеаи равобити дуҷониба дар густариши ҳамкориҳои ду кишвар ҳоизи аҳаммияти фаровон аст.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон хитоб ба вазири умури хориҷаи Эрон ибрози умедворӣ кард, бар мабнои арзишҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва зарфиятҳои фаровони ду кишвар, муносиботи дӯстона ва ҳамкориҳои чандҷониба беш аз пеш таҳким ёбад.

Рӯзи шанбе (22 баҳмани 1401) мусодиф бо 11 феврали 2023 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон аст.

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба пирӯзӣ расид.

 

Барчасп