Паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон ба Раисӣ ба муносибати 44-умин солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ
(last modified 2023-02-10T15:19:04+00:00 )
Феврал 10, 2023 20:19 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон ба Раисӣ ба муносибати 44-умин солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба раиси Ҷумҳури исломии Эрон, солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломиро табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёме ба Саидиброҳмми Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломии Эронро ба вай табрик гуфт.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём бо камоли сарафрозӣ, ба раиси ҷумҳур ва тамомии мардуми дӯсти Эрон, ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии исломӣ, самимона табрик ва таҳният гуфтааст.

Дар ин паём ҳамчунин омадааст: Мӯҷиб хурсандист, ки муносиботи фимобин ва ҳамкориҳои кишварҳоямон дар арсаҳои мухталиф ба таври муассир густариш ёфта ва ҷилваҳои наву созанда пайдо кардаанд.

Таҳкиму тавсеаи равобити фарогир бо Ҷумҳурии исломии Эрон, яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Мо ба тавсеаи ояндаи муносиботи худ бо кишвари шумо таваҷҷуҳи хос дорему ҷонибдори рушду тавсеаи ҳарчӣ бештари онҳо дар ҳавзаҳои мухтали мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Итминон дорам, иҷрои пайгиронаи тавофуқоти тарафайн, ки дар чорчӯби музокироти сатҳи олӣ дар солҳои ахир ҳосил шудааст, нақши муассир ва ҷиддӣ дар иртиқои сатҳу кайфияти равобити неки ду кишварҳо хоҳад дошт.

Барои ҷаноби олӣ аз даргоҳи Худованд саломатӣ ва хушбахтӣ ва пирӯзиҳои рӯзафзӯн ва барои мардуми дӯсти Эрон, сулҳу субот ва пешрафти рӯзафзӯн масъалат менамоям.

 

Барчасп