Феврал 10, 2023 22:01 Asia/Dushanbe
  • Маросими гиромидошти солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон ва соири кишварҳои ҷаҳон

Маросими 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар саросари Эрони исломӣ ва бархе нуқоти ҷаҳон дар ҳоли баргузорист.

Мардуми Эрони исломӣ дар остонаи 22 баҳманмоҳ (11фаврали 2023) бо баргузории маросими вижаи солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эронро ҷашн мегиранд.

Рӯзи шанбе низ мардуми саросари Эрон бо ҳузур дар хиёбонҳо илова бар ширкат дар ҷашни пирӯзии Инқилоби исломӣ, дунёи истикбори ҷаҳониро ба чолиш хоҳанд кашид.

Мардуми Эрон ҳамасола дар рӯзи 22 баҳман, солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ бо эъломи инзиҷор аз Амрико ва ҳамдастонаш дар ҷаҳон бавижа режими ҷинояткори саҳюнистӣ, фарёди озодихоҳӣ ва зулмситезӣ сар медиҳанд.

Ҳамзамон дар Эрон, пойтахтҳои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, маҳали таҷаммуи дӯстдорони Инқилоби исломӣ ва ҳамчунин баргузории маросими солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ дар сафорату дафотири намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Дар маросими 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон дар Гаагаи Ҳоланд, даҳҳо нафар аз сафирону намояндагони дипломатии сафоратхонаҳои муқими Ҳоланду созмонҳои байналмилалии мустақар дар ин кишвар, масъулони вазорати умури хориҷаи Ҳоланд, шуморе аз шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ, намояндагони ширкатҳои тиҷории ҳоландӣ ва ҳамчунин эрониёни муқим ширкат доштанд.

Дар маросими мушобеҳ дар Пекин, сафири Эрон дар Чин дар ҷамъи сафирон, дипломатҳои кишварҳои мухталифи ҳозир дар 44-умин солгарди пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби исломии Эрон гуфт, дар тӯли таърих бавижа дар қарни ахир мардуми Эрон талошу муборизоти тӯлонӣ ва шукӯҳмандеро барои озодӣ анҷом доданд, мардуми Эрон ҳаргиз ҳадафи муқаддаси худ, яъне озодӣ ва адолатро фаромӯш накарданд. Вай афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз инқилоби чаҳор даҳаи сахту пур хатар ва ҷанги таҳмилӣ ва дифои муқаддас, даврони созандагӣ ва бозсозии пас аз ҷанг, даврони талош барои тақвияти қувои илмӣ ва фарҳангӣ ва даврони тақвияту иртиқои қувои дифоӣ ва амниятиро пушти сар гузоштааст.

Дар Сэул, Саиди Бодомчии Шабистарӣ, сафири Эрон гуфт, дар таърихи шастсолаи муносиботи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ, ин равобит ҳамвора фарозу нишебҳои зиёдеро пушти сар гузошта ва акнӯн дар остонаи 44-умин соли пирӯзии Инқилоби исломии Эрон, ба далели табаъияти тарафи кореяӣ аз таҳримҳои ноодилона ва сиёсатҳои якҷонибаи Амрико зидди миллати Эрон, мутаасифонаи равобити дӯстона ва таърихии ду кишвар таҳти таъсири манфӣ қарор гирифтааст. Чан Чон Бэ, вазири пешини додгустарии Кореяи Ҷанубӣ ва раиси Шӯрои Корея ва Эрон низ дар бо ишора ба таърихчаи равобити ду миллати Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон, бар густариши муносибот дар куллияи заминаҳо таъкид ва ибрози умедворӣ кард, равобити ҳамаҷонибаи ду кишвар ба зудӣ тавсеа ёбад.

Дар кишварҳои Босния, Сербия, Русия, Қирғизистон ва чандин кишвари ҷаҳон маросими мушобеҳе баргузор шудааст.

 

Барчасп