Тавзеҳи вазири иттилоъоти Эрон аз шиносоӣ ва дастигирии тимҳои харобкор
Вазири иттилоъоти Эрон аз шиносоӣ ва дастигирии тимҳои харобкори дар Исфаҳон ва Караҷ дар иғтишошоти ахир хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷатулислом валмуслимин Сайид Исмоили Хатиб, вазири иттилоъоти Эрон шанбешаб дар нишасти шурои таъмини устони Хузистон дар Аҳвоз маркази ин устон гуфт: Дар иғтишошоти хиёбонии ахир душман ба дунболи барандозии низом буд, аммо бо раҳбарии ҳакимонаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҳамроҳии неруҳои мусаллаҳ ва ҳамчунин басирати мардум нақшаи душман бо шикаст ру ба ру шуд.
Вазири иттилоъоти Эрон афзуд: Амнияти кишвар аз тариқи қарордодҳо тафоҳумномаҳо бо режими кудакуши саҳюҳунистӣ бадаст намеояд, балки амният аз даруни худ ва бо ҳамкории кишварҳои ҳамсоя эҷод мешавад.
Хатиб гуфт: Режими саҳюнистӣ имруз ба дунболи эҷоди сомонаи дифоъӣ якпорча дар минтақа аст дар ҳоле, ки дар баробари фаластиниён саршикаста шуд ва ин иқдомот натиҷаи ғайр аз тороҷ кардани сармояи кишварҳо надорад.