Март 01, 2023 09:49 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷмаи умумии Созмони милал афви умумӣ аз сӯи мақоми муаззами раҳбариро сутуд

Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон, афви умумӣ аз сӯи мақоми муаззами раҳбариро сутуд ва гуфт, ин иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон шоистаи тақдир ва ситоиш аст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон асри сешанбе дар дуввумин рӯзи ҳузури пуркори худ дар Женева бо Саба Крузи, раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор раиси Маҷмаи умумии СММ аз мизбонии беш аз панҷ миллион овораи афғон бовуҷуди чолишҳои пеши рӯи Эрон ба воситаи таҳримҳо қадрдонӣ кард.

Раиси Маҷмаи умумӣ бо ишора ба Барҷом, ибрози умедворӣ кард, ройзаниҳо ва тамосҳои ҷорӣ миёни тарафҳои Барҷом, ҳарчӣ зудтар мунҷар ба эҳёи ин тавофуқ шавад.

Вай эҳёи Барҷомро ба суди сулҳ ва амнияти ҷаҳон донист.

Раиси Маҷмаи умумии СММ ҳамчунин аз ҳузури олирутбаи Эрон дар Шӯрои ҳуқуқи башар ва ташреҳи мавозеиЭрон дар ин шӯро, қадрдонӣ кард.

Амирабдуллоҳиён низ ба ройзаниҳои анҷом шуда дар иртибот бо тавофуқ дар чорчуби БарҶом ишора кард ва гуфт, тими аз Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Эрон ҳузур дошт ва қарор аст, мудири кулли ожонс низ ба зуддӣ ба Эрон сафар кунад.

Вай бо ишора ба таҳаввулоти Украина, бар мавзеи усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон мабни бар эҳтиром ба истиқлол ва тамомияти сарзаминии кишварҳо таъкид кард ва беасос будани иттиҳомот мабни бар кумаки низомии Эрон ба Русия алайҳи Украинаро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт, ҳеҷ мустанаде дар ин замина вуҷуд надорад.

Амирабдуллоҳиён таъкид кард, ки эҳтиром ба ҳуқуқи башар реша дар эътиқодот ва фарҳанги мо дорад ва Эрон ба таомули худ бо механизми ҳуқуқи башар ва Комиссари олии ҳуқуқи башар идома хоҳад дод.

 

Барчасп