Амир Абдуллоҳиён: Гузоришҳои Си Ен Ен дар бораи иғтишошҳои Эрон, ҷиҳатдор аст
Вазирпи умури хориҷаи Эрон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи хабарии Си Ен Ен , гузоришҳои ахири ин расонаи амрикоӣ дар бораи иғтишошот дар Эронро "ҷиҳатдор ва нодурӯст" донист.
Ба гузориши Садои Хуросон, Кристиане Амонпур муҷрии шабакаи телевизионии Си Ен Ен Амрико, ки бо Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон мусоҳиба кардааст, муддаӣ шуд шуморе зиёде аз афрод дар "тазоҳуроти мусолеатомез" дар Эрон дастгир шуда ва сипас мавриди таҷовуз қарор гирфитаанд.
Вазири хориҷаи Эрон дар посӯх ба муҷрии Си Ен Ен, дастгирии муътаризон дар " тазоҳуротҳои мусолеатомез"-ро рад ва таъкид кард: Ҳеч фарде дар тазоҳуротҳои мусолеатомез дастгир нашудааст.
Амир Абдуллоҳиён дар ин мусоҳиба тасреҳ кард дар тазоҳуроте, ки ба хушунат кашида шуд ва афроде аз хориҷи Эрон дар он дахолат доштанд ва иқдоми ба қатли нерӯи полис крданд, теъдоде дастгир шуданд.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо ишора ба фармони Раҳбари муаззами инқилоб барои авфи густардаи муттаҳамони ин иғтишошот гуфт, ки пас аз ин фармон ҳамаи дастгир шудагон, ба ҷӯзъ касоне, ки муртакиби қатл шудаанд ва шоки доранд, озод шуданд.
Амир Абдуллоҳиён иддаоҳо дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ дар бораи таҷовӯз ба афроди боздошт шударо рад кард ва онҳоро "беасос" донист ва изҳор дошт: Си Ен Ен гоҳе вақтҳо гузоришҳои ҷиҳатдор ва нодурӯст мунташир мекунад.
Бештар бихонед: