Генерал Оштиёнӣ: Ҳавопаймои низомии “Ёсин” метавонад ҳавопаймои размӣ ва пуштибонии наздик низ бошад
(last modified 2023-03-11T12:59:41+00:00 )
Март 11, 2023 17:59 Asia/Dushanbe
  • Генерал Оштиёнӣ: Ҳавопаймои низомии “Ёсин” метавонад ҳавопаймои размӣ ва пуштибонии наздик низ бошад

Вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳошияи рӯнамоӣ аз намунаи меъёри тавлид ва хатти тавлиди анбӯҳи омӯзишии “Ёсин” гуфт, ҷети “Ёсин” метавонад ҳавопаймои размӣ ва пуштибонии наздик низ бошад.

Намунаи меъёри тавлиди ҷети омӯзишии “Ёсин” имрӯз (шанбе) бо ҳузури генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.

Дар ин маросим ҳамчунин хатти тавлид анбӯҳи ҷети пешрафтаи омӯзишии “Ёсин” ифтитоҳ шуд.

Генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон изҳор кард, яке аз дағдағаҳои неруҳои мусаллаҳи Эрон, дар иртиқои омӯзиши халабонӣ аст, зеро омӯзиши халабон, аз ҷумлаи омӯзишҳое аст, ки аз аҳаммияти болое бархуӯрдор аст ва анҷоми ин муҳим ниёз ба ҳавопаймои омӯзишӣ дар класҳои мухталиф дорад.

Генерал Оштиёнӣ бо баёни инки саноати ҳавои вазорати дифои Эрон аз солҳо пеш иқдом ба тарроҳи ҷети омӯзишии “Ёсин” карданд, ки имрӯз фарзанди дувуми он рӯнамоӣ шуд, тасреҳ кард, вижагии ин ҷети омӯзишӣ, тарроҳии комилан бумӣ он аст, ки мӯҷиб шуда то аз ин намуна битавон барои ҳавопаймоҳои размӣ ва пуштибонии наздики ҳавоӣ низ истифода кард.

 

Барчасп