Қолибоф: Эҳёи равобити Эрон ва Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа аст
(last modified 2023-03-11T15:00:04+00:00 )
Март 11, 2023 20:00 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: Эҳёи равобити Эрон ва Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа аст

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таъкид кард, эҳёи равобит бо Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа ва Халиҷи Форс ва тавсеаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамкориҳои минтақаӣ аст.

Муҳаммадбоқири Қолибоф пас аз эъломи тавофуқи Эрон ва Арабистон барои азсаргирии равобити дуҷониба, дар сафҳаи худ дар фазои маҷозӣ ибрози умедворӣ кард, тарафи муқобил дар амал ҳусни нияти худро бо адами дахолат дар умури дохилии кишвар ва иттихози тасмимоти хайрхоҳона дар масоили минтақа ба хусус Лубнон, Яман ва ҳимоят аз Фаластин нишон диҳад.

Дар музокироти Эрон ва Арабистон дар шаҳри Пекин, ду кишвар рӯзи ҷумъа тавофуқ карданд, ки пас аз 7 сол, равобити дипломати худро аз сар бигиранд.

Бар асоси тавофуқи ду кишвар, вазирони умури хориҷаи Эрон ва Арабистони Саудӣ зимн мулоқот бо якдигар, ҳаддиаксар зарфи ду моҳ, заминаҳои иҷрои табодули сафирон ва бозгушоии сафоратхонаҳо ва ҳамчунин соири илзомот барои аз саргирии равобитро фароҳам хоҳанд кард.

Арабистони Саудӣ сеюми январи 2016 ба баҳона ҳамлаи бархе афрод ба сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад, равобити дипломати худро бо Эрон қатъ кард.

 

Барчасп