Март 18, 2023 22:17 Asia/Dushanbe
  • Муовини раисиҷумҳури Эрон: Амрикоиҳо ҳамвора ба дунболи ҷангафрӯзӣ, эҷоди ноамнӣ ва эронҳаросӣ будаанд

Муовини порлумонии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, амрикоиҳо ҳамвора дар минтақаи ғарби Осиё ба дунболи ҷангафрӯзӣ, эҷоди ноамнӣ ва эронҳаросӣ будаанд.

Саидмуҳаммад Ҳусайнӣ дар бораи тавфиқоти Ҷумҳурии исломӣ дар арсаи сиёсати хориҷӣ барои муқобила бо якҷонибагароии Ғарб ба саркардагии Амрико, ба талошҳои сардамдорони Кохи Сафед барои пешбурд ва шаклгирии инқилобҳои рангин дар дунё ишора ва тасреҳ кард, Амрико на фақат дар ғарби Осиё, балки дар ҳарҷои дунё, ки эҳсос карда метавонад ҳайати ҳокимаи он кишварҳоро ба нафъи худ тағйир диҳад, вуруд кардааст.

Ҳусайнӣ афзуд, сардамдорони Амрико дар бораи Эрон ҳамвора дучори иштибоҳ муҳосиботӣ мешаванд; зеро мардуми Эронро ба дурустӣ нашинохтаанд ва аҷиб инки аз ин рафторҳо ибрат ҳам намегиранд.

Муовини порлумонии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки сардамдорони Амрико ҳамчунон аз мунофиқини террорист, салтанатталабҳои ҷинояткору дигар маонидони Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят мекунанд ва дар маҷомеи сиёсӣ ҳам саъй карданд, зидди Эрон эътилоф шакл диҳанд, гуфт, Инқилоби Исломӣ 44 сол бо салобат масири худро тай карда ва дар арсаи сиёсати хориҷӣ тавфиқоте касб карда ва тавониста таҳримҳои золимонаро болосар кунад.

 

Барчасп