Табодули назари Амоно ва Зариф дар бораи Барҷом
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i9991
Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) табодули назар карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 18, 2016 20:09 Asia/Dushanbe
  • Табодули назари Амоно ва Зариф дар бораи Барҷом

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) табодули назар карданд.

Ба гузориши Идораи кулли дипломатии расонаии Вазорати умури хориҷа, Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи якшанбе бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дидор ва дар хусуси охирин вазъияти тавофуқи ҳастаӣ ва иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Юкиё Амоно бомдоди якшанбе вориди Теҳрон шуд ва пас аз дидор бо Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон низ дидор кард.

Сафари Амоно ба Теҳрон дар ҳоле анҷом мешавад, ки дар пайи бадаҳдиҳои Амрико ва тамдиди таҳримҳо зидди Эрон, вазири умури хориҷаи Эрон хоҳони баргузории нишасти Комиссияи назорат бар иҷрои Барҷом шудааст.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳам (13 декабр) дар пайи таъхири Амрико дар иҷрои Барҷом тайи фармоне ба раиси Созмони энержии атомии Эрон дастур дод то барномарезӣ барои тарроҳӣ ва сохти пешрон (сентрофуга)-и ҳастаӣ ҷиҳати баҳрагирӣ дар ҳавзаи ҳамлу нақли дарёӣ, бо ҳамкории марокизи илмӣ ва таҳқиқоти Эрон анҷом шавад.

Барак Абама, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи панҷшанбе бидуни имзои қонуни тамдиди таҳримҳои Эрон иҷоза дод, ин таҳримҳо ба муддати 10 соли дигар иҷро шавад.