-
Таъкиди раисиҷумҳури Чин бар ҳамкориҳои фаъолонаву мутақобил бо Тоҷикистон
Июл 05, 2024 14:42Ши Ҷин Пинг, раиси Ҷумҳурии халқи Чин гуфт: Мо ва Тоҷикистон дӯстони вафодор будему ҳастем ва дар шароити сахт ба ҳам кумак мекунем. Дар тӯли ҳамагирии COVID - 19 мо дар канори ҳам истодем, дар баробари вируси ваҳшатнок муқовимат кардем ва бо ҳам бар ин мушкил пирӯз шудем.
-
Гутерриш: Тоҷикистон нақши барҷастае дар кори Созмони Милал ифо мекунад
Июл 05, 2024 14:37Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкории Тоҷикистон бо СММ -ро намунаи барҷаста арзёбӣ кард.
-
Беларус расман ба узвияти СҲШ даромад
Июл 05, 2024 14:34Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон асри рӯзи панҷшанбе гуфт, Беларус расман ба унвони узви Созмони Ҳамкории Шанхай (SCO) дар нишасти Остона пазируфта шуд.
-
Беэътимодии беш аз ниме аз шаҳрвандони амрикоӣ ба Байден ва Трамп
Июл 05, 2024 13:30Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷии муассисаи “Голуп” ҳокӣ аз он аст, ки беш аз ниме аз амрикоиҳо муътақиданд, Ҷо Байден ва Доналд Трамп фоқиди вижагиҳои лозим барои раёсати ҷумҳурии Амрико ҳастанд.
-
Ҳамалоти муҷаддади Амрико ва Британия ба Яман
Июл 05, 2024 13:25Амрико ва Британия дар пайи сиёсатҳои таҷовузкоронаи худ дар ростои ҳимоят аз наслкушии режими саҳюнистӣ, устони Ҳудайда, воқеъ дар ғарби Яманро бомбаборон карданд.
-
Омодагии Ҳизбуллоҳи Лубнон барои посух ба террорҳои Исроил
Июл 05, 2024 13:16Узви фраксияи порлумонии Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки посухи муқовимат ба террорҳои режими саҳюнистӣ беш аз ҳадди саҳюнистҳо хоҳад буд.
-
Раҳбари муаззами инқилоб: Мардум бо ҳиммати бештар дар ин марҳала корро тамом кунанд
Июл 05, 2024 13:11Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон пас аз ширкат дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон гуфтанд, мардум бо ҳиммати бештар дар ин марҳала корро тамом кунанд.
-
Мушорикати эрониёни муқими Тоҷикистон дар даври дувуми интихоботи президентӣ + АКС ва ВИДЕО
Июл 05, 2024 08:30Эрониёни муқими Тоҷикистон дар даври дувуми чаҳордаҳумин интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ширкат карданд.
-
Ҳузури Раҳбари инқилоби Эрон дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии чаҳордаҳум
Июл 05, 2024 07:37Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз (ҷумъа) ва ҳамзамон бо оғози марҳалаи дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, раъси соати 8 субҳ раъйи худро дар сандуқ андохтанд.
-
Тафсир - Иқдомоти зиддиинсонӣ ва ғайриқонӯнии муонидин ва зидди инқилоби хориҷ аз Эрон алайҳи раъйдиҳандагони эронӣ
Июл 04, 2024 17:42Дар ҷараёни баргузории аввалин марҳала аз чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар рӯзи ҷумъа (28 июн), муонидин (душманон) ва зидди инқилоби хориҷ аз Эрон, ки баъд аз ҳаводиси соли 1401 дучори ихтилофу заволи рӯзафзӯн шудаанд, бархӯрдҳои зиддиинсонӣ бо раъйдиҳандагони эронии муқими хориҷ аз кишвар сӯрат доданд, ки бо ҳузур дар консулгариҳо ва марокизи дипломатии Эрон дар кишварҳои мухталиф қасди раъй додан дар интихоботи раёсатҷумҳуриро доштанд.