Март 23, 2023 16:57 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи шуъбаи Донишгоҳи Форобии Қазоқистон дар шаҳрҳои Русия
    Ифтитоҳи шуъбаи Донишгоҳи Форобии Қазоқистон дар шаҳрҳои Русия

Русия ифтитоҳи шуъбаи донишгоҳи қазоқистонӣ бо номи Форобӣ дар шаҳрҳои Омск ва Самара дар дастури кор қарор медиҳад.

Намояндагони Маҷлиси Санои Қазоқистон ба тасвиби мувофиқномаи ин кишвар ва Русия дар мавриди эҷод ва роҳандозии шуъбаҳои Созмонҳои омӯзиши оли ва таҳсилоти такмилии Қазоқистон ва шохаҳои  Созмонҳои  омӯзиши олии Федератсияи Расия дар Қазоқистон рай доданд.

Муовини вазири улум ва омӯзиши Қазоқистон дар ин замина гуфт: Бар асоси тавофуқи байни  кишварҳо, тарафайн ифтитоҳи шуъбаҳои донишгоҳҳоро тайил карданд. Дар ҳоли ҳозир, тарафи русӣ барои ифтитоҳи шуъбаҳои Донишгоҳи Форобӣ дар манотиқи марзии ин киишвар дар шаҳри Омск, Самара ниёз ба тасвиби ин мувофиқномаҳо дорад. Дар чорчӯби ҳамкори дар заминаи омӯзиши оли дар Қазғоқистон шуъбаҳои ду донишгоҳи барҷастаи Федератсияи Расия дар Алмато ва  Атырау ифтитоҳ шудааст.