Баргузории намози иди Фитр дар Тоҷикистон ва Қирғизистон
Намози иди саиди Фитр дар Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳузури густардаи мардум баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Бишкек, намози иди саиди Фитр дар тамомии масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон ва бо мушорикати теъдоди зиёде аз мусулмонони ин кишвар баргузор шуд.
Мардуми Тоҷикистон соати 6: 30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ, бо ҳузур дар масоҷиди ҷомеи саросари ин кишвар намози иди саиди Фитрро адо карданд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳузури намозгузор фаро расидани иди Фитрро бар ҳамагон табрик гуфт ва онҳоро ба эҳсону некӣ даъват кард.
Ҳамчунин дар Қирғизистон намози иди саиди Фитр дар майдони аслии шаҳри Бишкек бо мушорикати Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ва Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор шуд.
Ҳудуди даҳ ҳазор нафар аз мардуми шаҳри Бишкек дар ин маросими маънавӣ ширкат карданд.
Моҳи мубораки Рамазон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Қирғизистон имсол аз 22 март оғоз шуд.